Паёми
шодбошии Раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайфиддин Давлатзода
бахшида ба Рӯзи Наврӯз
Соли нави аҷдодӣ-Наврӯз муборактарин ва муқаддастарин ҷашни мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую омол, расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо ва давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад. Ин ҷашн ба ягон дину мазҳаб мутаалиқ набуда, пайки шодмонӣ, рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон ва гулу гиёҳ буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.
Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории шоҳ Ҷамшед истиқбол намуда, дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад. Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла, дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯз бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.
Воқеан ҳам мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, бо ибтикори Пешвои садоқатпешаи миллат Наврӯз дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила вусъату шукӯҳи бештар дарёфт ва дар соли 2010 чун ҷашни ҷаҳонӣ, бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ин воқеаи сурурбахши таърихиро Президенти мо бо камоли ифтихор чунин тавзеҳ бахшидаанд: “Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.
Мардуми сарбаланди тоҷик расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони идона, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои фалаку шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ дошта, бо вуҷуди тӯли ҳазорсолаҳои сипаригашта аз байн рафтани миқдори зиёди давлатҳою тамаддунҳо ва урфу одатҳо тавонистанд, ки забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла, Наврӯзи оламафрӯзро то ин замон пос доранд.
Чунон ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҷлили ҷашни Наврӯз гуфтаанд: “Ватани аслии Наврӯз- сарзамини тоҷикон буда, номи ширину гуворояш низ лафзи тоҷикист. Бо ҳамин ном, яъне Наврӯз, ба тамаддуни миллатҳои дигар ворид шуда, ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”.
Дар ин рӯзи шодию хурсандӣ, пурфараҳу пурнишот ва оғози соли нави аҷдодӣ ба ҳар яки шумо барои садоқат ба касб, меҳнати ҳалол ва саҳми арзандаатон дар кори ҳамарӯза изҳори миннатдорӣ менамоям. Маҳз инсон-бо донишу малака, таҷриба ва иродаи қавӣ-сармояи асосии ҳар як ташкилоту муассиса ба ҳисоб меравад.
Дар ин айёми фараҳбахш ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори обод, бахту саодат ва файзу баракат орзу менамоям. Бигузор дар хонадони шумо хандаҳои кӯдакон танинандоз бошад, дар дилҳоятон меҳру муҳаббат ҷой дошта бошад ва дар фаъолияти касбиатон комёбиҳои нав ба нав насибатон гардад.
Ба ифтихори фарорасии сирф ҷашни миллии тоҷикон-Наврӯз, ки имрӯз ҷаҳонӣ гаштааст, бори дигар ҳамагонро аз самими дил табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи ободу дастархони пурфайз ва сари баланду барори кор орзу менамоям.
Наврӯз ба ҳама мубораку фархунда бошад!

