Previous Next

ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН ВА ГАҲВОРАИ ИЛМИ МУОСИР

 Таҳти ҳамин унвон санаи 16 апрели соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиши муҳиму пурмазмун ба ифтихори “Ҳафтаи илми тоҷик” ва “Рӯзи пойтахт” доир шуда, ба як минбари воқеии баррасии масъалаҳои калидии рушди илм, таҳкими худшиносии миллӣ ва нақши пойтахт дар пешрафти ҷомеа табдил ёфт.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода оғоз гардид. Аз ҷумла, дар баромади худ қаӣд карданд, ки  илму маърифат омили асосии рушди устувори давлат, кафили пешрафти иқтисодӣ ва заминаи муҳими ташаккули ҷомеаи муосир мебошад. Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии илм, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтидори зеҳнӣ имконият фароҳам овардааст, ки кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намояд. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ, барои рушди таҳқиқоти бунёдӣ, татбиқи навовариҳо ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир нақши калидӣ мебозад.

Дар идомаи барнома, сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Саидҷалол Ҳусейнзода бо маърузаи амиқ ва таҳлилӣ дар мавзуи «Роҳи абрешим ва интиқоли илми тоҷик» баромад намуданд. Мавсуф таъкид намуданд, ки Роҳи абрешим дар таърихи башарият танҳо як масири тиҷоратӣ набуда, балки шоҳроҳи мубодилаи фарҳангҳо, тамаддунҳо ва донишҳо маҳсуб меёфт. Олимону мутафаккирони тоҷик тавассути ин шабакаи васеъ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, тиб ва адабиёт саҳми арзанда гузоштаанд. Маъруза бо далелҳои муътамад ва истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ собит сохт, ки мероси илмии гузашта имрӯз низ метавонад ҳамчун пояи устувори рушди илми муосир хизмат намояд.

Сипас, мудири бахши таъмини лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои таърих Самариддини Ҷамолӣ дар мавзуи «Таърих, раванди инкишоф ва воқеияти ташаккули шаҳри Душанбе» андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои фарогири худро пешниҳод намуданд. Зикр карданд, ки шаҳри Душанбе дар тӯли таърих аз як маҳаллаи хурди бозорӣ ба пойтахти муосир ва маркази муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва илмии кишвар табдил ёфтанд. Бо ишора ба марҳилаҳои гуногуни рушди шаҳр таъкид гардид, ки имрӯз Душанбе, ҳамчун пойтахт ба як маркази муҳити мусоиди рушди инноватсия, татбиқи технологияҳои нав ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Нақши пойтахт дар ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва ташаккули фазои мусоиди зисту фаъолият махсус қайд гардид.

Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои муҳими дигар, аз ҷумла густариши таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат ва рушди мактабҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон иброз доштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди илмӣ-технологӣ, истифодаи самараноки иқтидори зеҳнӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ омили асосии пешрафти давлатҳо маҳсуб меёбанд.

Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе имрӯз ба ҳайси «қалби Тоҷикистон» на танҳо маркази идоракунии давлатӣ, балки макони баргузории конфронсҳо, форумҳо ва симпозиумҳои сатҳи баланд мебошад, ки онҳо ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки илми тоҷик бо такя ба мероси ғании таърихӣ ва иқтидори бузурги зеҳнии насли нав метавонад дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ саҳми арзанда гузорад. Чорабинӣ дар фазои ифтихор аз дастовардҳои гузашта, қадршиносии имрӯза ва боварии комил ба ояндаи дурахшони илми тоҷик ҷамъбаст гардида, барои иштирокдорон руҳияи тоза, илҳоми нав ва эҳсоси баланди масъулият барои саҳмгузорӣ дар рушди Ватанро эҳдо намуд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org