Фарҳанги иқтибосоварӣ дар таҳқиқоти илмӣ

Риояи фарҳанги дурусти иқтибосоварӣ дар шароити рушди босуръати илму техника ва таъмини шаффофияти таҳқиқоти илмӣ яке аз масъалаҳои мубрами илми муосир маҳсуб меёбад. Аз таҳлили бархе аз таҳқиқоти диссертатсионӣ бармеояд, ки дар ҷараёни пажӯҳишҳои илмӣ на ҳамеша ба мазмуну мундариҷа ва моҳияти иқтибосоварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи манбаъҳои илмӣ дар корҳои диссертатсионӣ ба ғалатҳо роҳ дода мешавад, ки ин ба асолати матн, мантиқи баёни мавод ва методологияи таҳқиқот бетаъсир намемонад.

Аз дидгоҳи ҳуқуқӣ низ масъалаи иқтибосоварӣ аҳамияти хосса дорад. Истифодаи натиҷаҳои илмии дигарон бидуни истиноди дахлдор ҳамчун нақзи ҳуқуқи муаллиф арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда масъулияти муҳаққиқро дар риояи фарҳанги иқтибосоварӣ дар мушаххас намудааст. Чунончи, тибқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» истифодаи асар бе ризоияти муаллиф танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки номи муаллиф ва манбаи иқтибос ҳатман нишон дода шавад. Ҳамчунин, мутобиқи сархати 4 банди 64-и Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар сурати ошкор гардидани истифодаи маводди дигарон бидуни ишора ба муаллиф, манбаи иқтибос ё ҷудо накардани саҳми шахсӣ дар натиҷаҳои ҳаммуаллифӣ метавонад паёмадҳои манфиро ба бор орад.

Гузашта аз ин, масъалаи иқтибосоварӣ дар диссертатсия (автореферат) асоси бунёдии фаъолияти илмӣ буда, ҷиҳати муаррифии донишҳои мавҷуда, пешниҳоди навгониҳои илмӣ, таҳкими эътимоднокии таҳқиқот ва таъмини асолати матн ҷойгоҳи муҳим дорад. Иқтибосоварии илмӣ низоми кушода ва такмилёбандае мебошад, ки натиҷаи нав ҳамчун идомаи мантиқии корҳои пешинаи соҳавӣ арзёбӣ мегардад. Истифодаи фикру андешаҳои дигарон бе истинод на танҳо камбудии методологӣ мебошад, балки риоя накардани меъёрҳои ахлоқии илмӣ ва ҳуқуқи муаллиф ҳисоб мешавад. Аз нигоҳи илмию техникӣ иқтибосоварӣ воситаи муҳимми санҷиши саҳеҳии маълумот буда, ба сохтори мантиқии матн устуворӣ бахшида, нишон додани манбаи дақиқ моҳияти иқтибосовариро ифода менамояд.

Дар низоми пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ иқтибос дар ду шакл (айнан ва фишурда) истифода мегардад:

- иқтибоси айнан дар ҳолате ба кор бурда мешавад, ки матн бе ягон тағйир дар нохунак (« ») оварда шуда, бо истиноди дақиқ (саҳифа ва манбаъ) пурра карда шавад;

- иқтибоси фишурда мазмуни фикру андешаи муаллифи дигарро бо забони худи муҳаққиқ ҳатман бо нишон додани манбаъ ифода менамояд. Ҳар ду шакл аҳамияти баробар ва якхела дошта, истифодаи мутавозини онҳо нишонаи сатҳи баланди малакаи илмӣ мебошад.

Иқтибосоварии дуруст бо тартиб додани рӯйхати адабиётҳои истифодашуда робитаи мустақим дорад. Рӯйхати адабиёт бояд манбаъҳои боэътимод, муосир ва ба мавзуъ мувофиқро дар бар гирад. Дар ин сурат дараҷаи омӯзиши масъала, гуногунандешии илмӣ ва саҳми шахсии муҳаққиқ ба таври возеҳу асоснок бозтоб мегардад.

Хулоса, таҳқиқоти илмӣ дар заминаи натиҷаҳои қаблан ҳосилшуда, бо дарназардошти пайдарпайии рушди илм инкишоф меёбад ва истинод ба манбаъҳои боэътимод танҳо талаботи техникӣ набуда, нишонаи фарҳанги илмӣ ва масъулияти касбии муҳаққиқ мебошад (формулаи ҳисоби ҳаҷми иқтибосоварӣ дар замима).

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org