29-апрели соли 2026 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои воридшавии маҷаллаҳои тақризшаванда ба пойгоҳҳои Scopus ва WOS» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир, мудири бахши лоиҳаҳои грантии Комиссия Самариддин Ҷамолӣ, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Шарифзода Дурандеш, инчунин доираи васеи иштирокдорон масъулини маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, сармуҳаррирон, аъзои ҳайати таҳририя ва муовинони ректорон оид ба илм ва инноватсия ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ роҳҳои мутобиқсозии фаъолияти маҷаллаҳои илмии кишвар ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ, таъмини сифати баланди мақолаҳои илмӣ ва фароҳам овардани замина барои воридшавии онҳо ба пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science муайян гардид. Дар ин раванд, таъкид карда шуд, ки мутобиқсозӣ танҳо бо такмили шакл маҳдуд намешавад, балки бояд тамоми марҳилаҳои фаъолияти маҷалла аз қабули мақола то нашр ва паҳн ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд.
Зимни машварат масъалаҳои калидии рушди нашрияҳои илмӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, зарурати такмили сиёсати таҳрирӣ, ҷорӣ намудани низоми шаффоф ва мустақили тақриз, баланд бардоштани масъулияти илмии муаллифон ва муҳаррирон, риояи қатъии меъёрҳои ахлоқи илмӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, аҳамияти истифодаи стандартҳои байналмилалии истиноддиҳӣ, татбиқи DOI, беҳтар намудани дастрасии электронии маҷаллаҳо ва густариши ҳамкориҳо бо муҳаққиқон ва муассисаҳои хориҷӣ ҳамчун омилҳои муҳим барои баланд бардоштани нуфузи маҷаллаҳои илмиикишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ шуд.
Иштирокдорон инчунин ба масъалаи баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати гузаронидани таҳқиқоти аслӣ, навоварона ва дорои аҳамияти назариявию амалӣ, такмили малакаҳои навишти академӣ ва истифодаи забонҳои байналмилалии илм, аз ҷумла англисӣ,ро муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин замина, баланд бардоштани ҳирши илмии муаллифон ва ташвиқи онҳо барои нашри натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаҳои сатҳи баланд ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнок муайян гардид.
Дар ҷараёни мубодилаи афкор таъкид шуд, ки баланд гардидани нишондиҳандаи импакт-фактори маҷаллаҳо на танҳо ба зиёд шудани шумораи истинодҳо, балки ба сифати умумии муҳтавои илмӣ, сатҳи таҳрир, шаффофияти равандҳо ва эътимоди ҷомеаи илмӣ вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги нашри илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ҳамчун омили калидии рақобатпазирии маҷаллаҳои миллӣ дар фазои ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки воридшавӣ ба пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии илми тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонии илмӣ буда, ба муаррифии дастовардҳои муҳаққиқони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ҷалби ҳамкориҳои илмӣ ва баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи муассисаҳои илмӣ мусоидат менамояд.

