Санаи 14- уми майи соли ҷорӣ кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоиши муаррифии молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иштирок намуда, аз дастовардҳои назарраси соҳаи истеҳсолӣ ва имкониятҳои васеи корхонаҳо боздид ба амал оварданд. Дар рафти чорабинӣ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, либосворӣ, мебел ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ба маъраз гузошта шуданд, ки сифати баланд ва рақобатпазирии онҳоро бозгӯ менамуданд.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки фаъолияти истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ мусоидат мекунад, балки барои ба меҳнати созанда ҷалб намудани маҳкумшудагон, омӯзонидани касбу ҳунар ва омодасозии онҳо ба ҳаёти мустақилона баъд аз адои ҷазо низ аҳамияти муҳим дорад. Иштироки кормандони Комиссия дар чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳо, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва муаррифии имкониятҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

