Previous Next

ТАҚВИЯТИ ФАРҲАНГИ МОЛИЯВӢ ТАВАССУТИ РУШДИ ПАРДОХТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

14-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси намояндагии КВД ҶТ «Амонатбонк» семинари омӯзишӣ вобаста ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир, мудирони шуъбаву бахшҳои Комиссия, инчунин Самадов Миралӣ-иқтисодчии асосии департаменти қарздиҳии КВД ҶТ «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Зимни баргузории ҳамоиш масъалаҳои марбут ба тавсеаи истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири бонкӣ,  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии молиявӣ ва гирифтани маблағҳои қарзӣ аз ҷониби шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, барои шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани муомилоти пули нақд ва беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Намояндаи КВД ҶТ «Амонатбонк» Самадов Миралӣ зимни баромади худ оид ба имкониятҳои низоми муосири бонкӣ, истифодаи кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва тартиби анҷом додани амалиётҳои ғайринақдӣ маълумоти муфассалро ба самъи кормандони Комиссия расониданд. Ҳамчунин таъкид намуданд, ки истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ метавонад ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва баланд гардидани фарҳанги молиявии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам оварад.

Зикр шуд, ки татбиқи босамари низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба баланд шудани самаранокии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва осон гардидани амалиёти молиявӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org