Previous Next

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ АТТЕСТАТСИЯИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ ТИБ

14-уми  майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари  омӯзишию машваратӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбарият ва масъулони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони донишгоҳ, намояндагони шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон  иштирок намуданд.

Семинари машваратиро ректори донишгоҳи мазкур Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид карданд, ки дар шароити рушди босуръат ва рақобати афзояндаи илму технологияҳои муосир, баланд бардоштани сифати корҳои таҳқиқотӣ ва тақвияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ аз муҳимтарин самтҳои рушди илми ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода доир ба сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм ва низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки сифати рисолаҳои илмӣ, асоснокии натиҷаҳои таҳқиқот, риояи талаботи методологӣ ва ахлоқи илмӣ аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти илмӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки солҳои охир вобаста ба омода ва пешниҳод намудани парвандаҳои аттестатсионӣ, тартиби фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва сатҳи омодасозии мақолаҳои илмӣ як қатор мушкилоту камбудиҳо ба назар мерасанд. Риоя нагардидани талаботи таҳияи рисолаҳо, нодуруст истифода шудани иқтибосҳо, ҷой доштани ҳолатҳои плагиат, интихоби нодурусти маҷаллаҳои илмӣ барои нашри мақолаҳо ва камбудию норасоиҳо дар омодасозии ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, ҳамчун масъалаҳои асосӣ ва муҳим дар семинари омӯзишии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Холмуродзода Фазлиддин вобаста ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи аттестатсия, тартиби дурусти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва масъулияти шуроҳои диссертатсионӣ тариқи рӯнамо маъруза намуд. Зикр шуд, ки риояи дақиқи талаботи ҳуқуқӣ ва меъёрҳои тасдиқгардида омили муҳими шаффофият ва қонуният дар раванди ҳимояи рисолаҳо мебошад.

Ҳамчунин сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва маҷаллаҳои илми Комисися Ёров Меҳрдод доир ба масъалаҳои маҷаллаҳои тақризшавандаи илмӣ, талаботи нашри мақолаҳо, индексатсияи байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтибосоварии корҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиб Саврина Саъдуллоевна вобаста ба тартиби омодасозии парвандаҳои аттестатсионӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Комиссия, муҳлати баррасии рисолаҳо ва талаботи нав ба корҳои илмӣ маълумот суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни семинар ба масъалаи истифодаи низоми «Антиплагиат» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иброз шуд, ки пешгирии асардуздии илмӣ ва таъмини шаффофияти таҳқиқот аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи илмӣ мебошанд ва ба ҳар як муҳаққиқ зарур аст, ки талаботи принсипҳои поквиҷдонӣ ва ахлоқи илмӣ риоя намояд.

Иштирокчиёни семинар зимни мубодилаи афкор пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти муҳаққиқон ва мутобиқ намудани таҳқиқотҳои илмӣ ба талаботи байналмилалӣ чунин чорабиниҳои омӯзишӣ бештар баргузор карда шаванд.

Дар анҷоми семинар намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ доданд. Семинари омӯзишӣ ҳамчун заминаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмии соҳаи тиб арзёбӣ гардид.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org