Previous Next

ТАҲКИМИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИОНӢ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

15-уми майи соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва такмили низоми аттестатсия баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Шарифзода Мумин Машокир, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Каримзода Мавзуна, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Шарифзода Дурандеш ва мудири бахши лоиҳаҳои грантҳои Комиссия Самариддини Ҷамолӣ иштирок намуда, оид ба самтҳои муҳимми фаъолияти илмӣ ва татбиқи талаботи нави аттестатсионӣ тариқи рунамо маърузаҳои муфассал пешниҳод карданд.

 Шарифзода Мумин Машокир зимни суханронии худ таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология масъулияти муҳаққиқон дар самти таҳияи корҳои илмии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бештар мегардад. Ӯ иброз дошт, ки баланд бардоштани сифати рисолаҳои илмӣ, таҳкими фарҳанги илмнигорӣ ва риояи принсипҳои ахлоқи академӣ аз ҷумлаи вазифаҳои калидии ҷомеаи илмии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи семинар Каримзода Мавзуна вобаста ба талаботи муосир нисбат ба таҳияи рисолаҳои илмӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ суханронӣ карда, зикр намуд, ки ҳар як таҳқиқоти илмӣ бояд дорои навгонии илмӣ, аҳамияти назариявию амалӣ ва асоснокии мукаммали методологӣ бошад. Ӯ ҳамчунин ба масъалаҳои мутобиқати корҳои илмӣ ба стандартҳои амалкунанда ва риояи талаботи комиссия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, мавсуф доир ба тартиби омода ва пешниҳоди парвандаҳои аттестатсионӣ, муҳтавои ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва роҳҳои пешгирии камбудиҳои маъмул маълумоти муфассал ироа намуд.

Мавзуи дигари муҳимми семинар ба масъалаҳои иқтибосоварӣ ва фаъолияти маҷаллаҳои илмӣ бахшида шуд. Дар ин самт Шарифзода Дурандеш вобаста ба истифодаи дурусти манбаъҳои илмӣ, риояи қоидаҳои иқтибосоварӣ маъруза намуд. Қайд гардид, ки нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва эътирофшуда барои баланд бардоштани обрӯи илмии муҳаққиқон ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки дастгирии ташаббусҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи илм мебошад.

Семинар дар фазои озоду созанда баргузор гардида, иштирокчиён тавассути рӯнамо бо талаботи нави низоми аттестатсионӣ, меъёрҳои байналмилалии таҳияи корҳои илмӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқот шинос шуданд. Дар қисмати ҷамъбастӣ миёни намояндагони Комиссия ва иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои муҳаққиқон  кормандони Комиссия посухҳои мушаххас ва тавсияҳои судманд доданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org