Previous Next

РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТАҲҚИҚОТИ ТИББӢ

18-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ бо иштироки сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Холмуродзода Фазлидин, сармутахассиси самти илмҳои тиб Исматуллоҳзода Саврина, инчунин аъзои шӯрои диссертатсионӣ ва шӯрои экспертӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, такмили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи тиб ва баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба омода ва ҳимоя намудани корҳои илмӣ доир карда шуд.

Зимни баромади худ Холмуродзода Фазлиддин оид ба масъалаҳои муҳими таъминоти ҳуқуқӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ, инчунин тартиби дурусти омода намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти илмӣ суханронӣ намуд. Номбурда таъкид кард, ки риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ дар пешбурди фаъолияти илмӣ нақши муҳим дошта, барои рушди устувори соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, Исматуллоҳзода Саврина доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди илмҳои тиб, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатология, инчунин баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маърӯза ироа намуд. Қайд гардид, ки рушди илм ва татбиқи дастовардҳои навин дар амалияи тиббӣ омили асосии беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Дар қисмати муҳокимавии семинар аъзои шӯрои диссертатсионӣ ва шӯрои экспертӣ вобаста ба талабот ба рисолаҳои илмӣ, тартиби гузаронидани экспертизаи илмӣ, риояи меъёрҳои таҳқиқотӣ ва масъалаҳои баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Иштирокчиён инчунин пешниҳод ва тавсияҳои муфидро ҷиҳати такмили фаъолияти илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ироа намуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org