Дар муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” санаи 19-уми майи соли равон бо мақсади тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва такмили сатҳи корҳои диссертатсионӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд. Дар семинар сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Комиссия Холмуродзода Фазлидин, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрии Исматуллоҳзода Саврина, инчунин аъзои шурои диссертатсионӣ ва шурои экспертӣ иштирок карданд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти илмӣ, интихоби дурусти мавзуҳои таҳқиқотӣ, риояи талаботи методологӣ ҳангоми таҳияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои илм дар амалияи тибби муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён доир ба роҳҳои баланд бардоштани сифати рисолаҳои илмӣ ва мутобиқ намудани таҳқиқот ба талаботи замони муосир табодули назар намуданд.
Зимни суханронии худ Холмуродзода Фазлидин ба масъалаҳои муҳими таъминоти ҳуқуқии фаъолияти илмӣ, аз ҷумла оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, пешгирии ҳолатҳои плагиат ва масъулияти муҳаққиқон ҳангоми таҳияи корҳои илмӣ маълумоти таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ яке аз омилҳои асосии таъмини сифату эътимоднокии корҳои илмӣ ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, Исматуллоҳзода Саврина оид ба аҳамияти таҳқиқоти илмӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ, махсусан ҷарроҳии дилу рагҳо суханронӣ намуда, қайд карданд, ки интихоби мавзуҳои мубрами илмӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таҳқиқотӣ метавонад барои беҳтар намудани ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар идомаи семинар аъзои шурои диссертатсионӣ ва шурои экспертӣ вобаста ба такмили низоми арзёбии корҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳаққиқони ҷавон ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои тиббӣ андешаронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки рушди фаъолияти илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷорӣ намудани дастовардҳои навини илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

