20-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Шарифзода Мумин Машокир, мушовири раиси Комиссия Мирзоев Ашуралӣ, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Шарифзода Дурандеш, аъзоёни шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон, роҳбарони сохторҳои илмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст, семинарро намояндагони роҳбарияти донишгоҳ ифтитоҳ намуда, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатиро дар самти рушди илми ватанӣ, таҳкими фарҳанги академӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии фазои илм ва густариши технологияҳои муосир масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ аҳаммияти хосса касб намудааст.
Муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Шарифзода Мумин Машокир зимни суханронии худ иброз доштанд, ки сиёсати илмпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат барои рушди илму маориф ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, мавсуф вобаста ба масъалаҳои риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ, пешгирии ҳолатҳои плагиат, баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон ҳангоми таҳияи рисолаҳои илмӣ ва зарурати истифодаи васеи сарчашмаҳои муътамади илмӣ андешаронӣ намуда, ҷиҳати тақвияти сифати таҳқиқот ва таҳияи рисолаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод кард.
Дар идомаи семинар мушовири раиси Комиссия Мирзоев Ашуралӣ оид ба талаботи нави пешниҳоди рисолаҳои илмӣ, тартиби дурусти омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, масъалаҳои марбут ба экспертизаи илмӣ ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ маърӯзаи таҳлилӣ ироа намуд. Зикр гардид, ки риояи меъёрҳои муқарраргардида ва муносибати масъулона ба раванди таҳқиқот омили муҳими баланд гардидани эътибори илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Шарифзода Дурандеш, доир ба масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти илмӣ, истифодаи низомҳои электронии иттилоотӣ, тартиби нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва мутобиқсозии маҷаллаҳои илмии ватанӣ ба пойгоҳҳои байналмилалии индексатсионӣ суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки густариши фазои рақамии илм ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани дастрасӣ ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ нақши муҳим дорад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳаи аттестатсияи илмӣ, тартиби ҳимояи рисолаҳо, сифати тақризҳо, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти илмӣ мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

