Previous Next

МУАРРИФИИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

Имрӯз дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими муаррифии Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои Таърих (Таърихи илм ва техника) ва Бостоншиносӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон ва намояндагони соҳаи илм баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир, мудири бахши таъмини лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалии  Комиссия Самариддини Ҷамолӣ, роҳбарияти институт ва доираи васеи муҳаққиқон иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таъсиси Шурои диссертатсионӣ дар самти рушди илмҳои гуманитарӣ, бахусус Таърих (Таърихи илм ва техника) ва Бостоншиносӣ, аҳамияти бузурги илмӣ дорад.

Зикр шуд, ки фаъолияти чунин шуроҳо барои густариши таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ нақши муҳим мебозад.

Дар анҷом таъкид шуд, ки таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои Таърих (Таърихи илм ва техника) ва Бостоншиносӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори илмии кишвар ва рушди минбаъдаи илмҳои гуманитарӣ ба шумор меравад. Ин иқдом барои тайёр намудани муҳаққиқони ҷавон, густариши таҳқиқоти муосир ва баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org