Previous Next

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

21-уми майи соли равон бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ семинари омӯзишӣ барои аъзои шуроҳои диссертатсионӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Шарифзода Мумин Машокир ва сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ, математикӣ-техникӣ Ҷаъфарӣ Амиршо иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ андешаронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Шарифзода Мумин Машокир таъкид намуд, ки рушди босуботи соҳаи илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ аз фаъолияти самаранок ва шаффофи шуроҳои диссертатсионӣ вобастагии калон дорад. Қайд карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавии илм риояи меъёрҳои байналмилалии таҳқиқот, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ, пешгирии ҳолатҳои плагиат ва таҳкими ахлоқи академӣ вазифаҳои муҳими муҳаққиқон ва муассисаҳои илмӣ маҳсуб меёбанд.

Дар идомаи семинар ба иштирокчиён вобаста ба тартиби таҳия ва пешниҳоди рисолаҳои илмӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, талаботи нави аттестатсионӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба арзёбии корҳои илмӣ тавсияҳои методӣ ва амалӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Иштирокчиёни семинар зимни мубодилаи афкор масъалаҳои мубрами соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олиро баррасӣ намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org