22-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони соҳаи илм семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар семинар раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода, раиси шурои экспертии самти илмҳои кишоварзӣ ва ветеринарии Комиссияи олии аттестатсионӣ Тоҷиддин Пирзода, мушовири раиси Комиссия Мирзоев Ашуралӣ, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ Шоҳмуродзода Заррина, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ Шарифзода Дурандеш ва сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Комисия Холмуродзода Фазлиддин иштирок намуданд.
Сараввал ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки рушди илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ӯ зикр кард, ки дар шароити рушди босуръати технология ва тавсеаи фазои илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқотҳои илмӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи байналмилалӣ вазифаи муҳимми муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Сипас, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода вобаста ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз талабот ба сифати корҳои илмӣ, риояи меъёрҳои таҳияи диссертатсияҳо ва шаффофияти фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ беш аз пеш тақвият ёфтааст.
Қайд гардид, ки дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, риояи талаботи методӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ барои сари вақт ва босифат баррасӣ гардидани парвандаҳо аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар идома намояндагони Комиссия масъалаҳои марбут ба тартиби таҳия ва пешниҳоди диссертатсияҳо, авторефератҳо, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои парвандаҳои аттестатсионӣ, талаботи нав ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва қоидаҳои экспертизаи илмиро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи фаъолияти маҷаллаҳои илмии тақризшаванда равона гардида, таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи илмии мақолаҳо, риояи талаботи байналмилалии нашр, истифодаи дурусти иқтибосҳо, пешгирии ҳолатҳои асардуздии илмӣ ва тақвияти фарҳанги академӣ аз масъалаҳои муҳимми замони муосир мебошанд. Зикр гардид, ки маҷаллаҳои илмӣ ҳамчун воситаи муаррифии дастовардҳои илмӣ бояд ба меъёрҳои муосири таҳрир ва арзёбии илмӣ мутобиқ гардонида шаванд.
Дар қисми мубоҳисавии семинар иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои амалии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, тартиби ҳимояи рисолаҳои илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ, масъалаҳои ҳуқуқии аттестатсия ва дигар мавзуъҳои марбут ба соҳаи илм саволу пешниҳодҳои худро ироа намуда, аз ҷониби масъулони Комиссия ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

