ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

Гиромидошти қаҳарамонони миллӣ, арҷгузорӣ ба хидматҳои ҷовидонаи онҳо ҷиҳати таҳкими давлатдорӣ, бедории миллӣ, ташаккул ва таҷаддуди ҳувияти миллию меҳанпарастӣ сурат мегирад. Зеро ҷомеаи маҳрум аз тавоноии таъзим дар баробари хидматҳои қаҳарамонон маҳкум ба таназзул аст.

Дар таълимоти фалсафии Иммануил Кант қаҳрамон таҷассуми зиндаи қонуни олии ахлоқӣ, фидокорӣ ва алтуризм (дигардӯстӣ) аст. Эҳтироми чунин шахсиятҳо вазифаи тарбиявиро иҷро карда, инсониятро барои бартараф намудани норасоиҳо роҳнамоӣ менамояд.

Боиси зикр аст, ки 19 май дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи фаромушнашаванда, эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат сабт гардид. Дар ин рӯзи хотирмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоке аз оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатӣ Нисор Муҳаммад ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварданд. Ин рӯйдод танҳо як маросими расмӣ набуда, балки нишонаи эҳтироми амиқи давлат ва миллат нисбати ба шахсиятҳое мебошад, ки дар давраҳои ҳассоси таърихӣ барои ташаккули давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллати тоҷик хизматҳои бузург анҷом додаанд. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи аввалин муборизон ва сиёсатмадороне буданд, ки барои таъсиси давлати миллии тоҷикон дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ талош варзиданд. Онҳо барои эҳёи номи тоҷик, таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи сиёсӣ мубориза бурда, дар роҳи ормонҳои миллӣ ҷони худро нисор карданд. Дар баробари ин, Нисор Муҳаммад ҳамчун чеҳраи маъруфи фарҳангӣ ва маънавии миллат дар рушди фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва густариши худогоҳии мардум нақши арзанда гузоштааст. Арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳо дар асл арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. 

Бо соҳиб гардидан ба истиқлоли давлатӣ ва бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адолати таърихӣ эҳё гардид. Номи фарзандони фарзонаи миллат дубора зинда шуд, хизматҳои онҳо мавриди омузишу қадршиносӣ қарор гирифт ва ба Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон имрӯз бар пояи эҳтиром ба ҳақиқат ва хотираи миллӣ устувор аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳои содиқ ба давлату миллат ва таҳкими худшиносии миллиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ қарор доданд. Эҳёи ҷашнҳои миллӣ, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, нашри осори шахсиятҳои барҷаста ва зинда гардонидани номҳои фаромӯшшудаи таърихӣ ҳама аз ҳамин сиёсати фарҳангпарварона ва миллатдӯстона сарчашма мегирад.

Ин иқдом танҳо интиқоли рамзии мушти хок нест. Ин арҷгузории давлат ба таърих, эҳтироми миллат ба фарзандони содиқ ва таҷассумгари сиёсати фарҳангпарваронаву инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Тавре, шоири тоҷик дар ин маврид навиштааст:

           Ту акнун миллати тоҷикро кӯҳи сипар гаштӣ,

           Тамоми зиндагону мурдагонашро падар гаштӣ,

           Ту ҳам дар мактаби ин қаҳрамонон қаҳрамон гаштӣ,

           Ту ҳам дар дафтари таърих номи ҷовидон гаштӣ.

           Ту чун маънии нав дар вожаи тоҷик ҷо гаштӣ,

           Ту бар таърих пируз омадӣ, то Пешво гаштӣ!

 

Ба Ватан баргардонидани хоке за турбати муҷаддаси ин абармардон аҳаммияти бузурги маънавӣ ва сиёсӣ дорад. Ин иқдом паёми равшанест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон давлати соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва арҷгузор ба арзишҳои миллӣ мебошад. Давлате, ки фарзандони фидоии худро ҳатто баъд аз садсолаҳо фаромӯш намекунад, бешак дорои фарҳанги волои давлатдорӣ аст.

Ин иқдом рамзи ваҳдати маънавии миллат низ ҳаст. Зеро бозгашти мушти хоки фарзандони сарсупурдаи миллат ба Ватан, дар асл бозгашти ғурур, ифтихор ва виҷдони таърихии тоҷикон мебошад. Чунин рӯйдодҳо ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлат ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро дар қалби мардум тақвият мебахшанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ қарор дорад. Дар чунин шароит эҳёи хотираи таърихӣ аҳамияти вижа касб мекунад. Миллате, ки гузаштаи худро мешиносад ва қаҳрамонони худро пос медорад, метавонад ояндаи худро бо эътимод бунёд намояд.

Бешубҳа, ин иқдоми таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат бар фаромӯшӣ ва эҳёи адолати таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари арзишҳои миллӣ, посдори хотираи таърихӣ ва раҳнамои худшиносии миллӣ дар қалби мардум ҷовидон хоҳад монд.

Ба Ватан баргардонии хоки оромгоҳи се фарзанди фарзонаи миллат дар сиёсати ташаккули ҳувияти миллӣ аҳамияти амиқ дорад:

  1. Адолати таърихӣ: ин ташаббус намунаи равшани адолати таърихӣ мебошад, ки дар он давлат ноадолатиҳои даврони гузаштаро тавассути амалҳои рамзӣ ҷуброн менамояд. Ба гуфтаи коршиносони варзида, ин рӯйдод «рамзи ғалабаи ҳақиқат, барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҷовидонгардонии хотираи фарзандони вафодори халқ» гардид.
  2. Ватанмеҳварӣ: эҳсоси садоқат, муҳаббат ва масъулият дар назди Ватан мебошад. Ин мафҳум таҷассуми арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва омодагӣ барои ҳимоя ва ободонии сарзаминро дар бар мегирад, биноан ҷонисорӣ дар роҳи Ватан фаромӯш нашуда, арҷгузорӣ мешавад.
  3. Ваҳдатмеҳварӣ: раванди мазкур ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, бори дигар собит менамояд, ки таваҷҷӯҳи махсуси Пешвои миллат ба омузиши хидматҳои таърихии фарзандони барҷастаи Ватан заминаи эҳёи ифтихори миллӣ гардидааст.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки миллате, ки таърих ва қаҳрамонони худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо ифтихор аз чунин сиёсати созандаву миллатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд мекунанд, зеро маҳз тавассути чунин иқдомҳо саҳифаҳои таърих дубора эҳё гардида, қаҳрамонони миллат мақоми арзандаи худро дар қалби мардум пайдо менамоянд.

Хулоса, ин амали марди қавлу вафо будани Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро исбот кард. Дар ҳақиқат, Сарвари давлат дили бузург, ҳиммати баланд ва хиради азалӣ дошта, ин рафтори ҷавонмардонаашон ному мартабаи Пешвои миллатро натанҳо дар миёни ҷомеаи кишвар, балки минтақаю ҷаҳон боз ҳам боло бурд. Мутафаккирони халқи тоҷик ишора мекунанд, ки ҳар касе ба бузургони миллат ва намояндагони қавмаш хидмат кунад, дар подошаш соҳиби саодати дорайн мегардад. Боварӣ дорем, ки чунин ташаббусҳои инсонпарварона ва башардӯстонаи Сарвари давлат ӯро соҳиби саодатҳои бемисл гардонида, номашонро ҷовидонаву абадӣ мегардонад.

 

Саидзода Диловар Абдулаҳад,

мудири бахши таъминоти хуқуқӣ

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org