“Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар оғози садаи XX, пас аз дигаргуниҳои азими сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳастии халқи тоҷик зери хатари ҷиддӣ қарор дошт. Дар ин марҳалаи басо ҳассос зимомдорони давр ва як зумра муғризон бо ҳамдастии ашхоси ноогоҳ ва бегонапараст мехостанд, адолати таърихиро поймол намуда, ворисони аслии ин хоки покро аз мероси ниёкон маҳрум созанд. Дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз зарурати по ба арса гузоштани фарзандони худшиносу худогоҳ ва фидокоре пеш омад, ки то аз ҳуқуқҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва марзии халқи хеш дифоъ кунанд.
Ватандӯстии ҳақиқӣ на дар рӯзҳои шодӣ, балки дар лаҳзаҳои сангини имтиҳони миллат, дар фидокории бесадо ва ҷасорати қатъӣ зоҳир мешавад. Тавре ки таърих гувоҳ аст, ки шахсиятҳое чун Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум маҳз дар ҳамин гуна "давраҳои мушкил" бо ҷасорати худ собит карданд, ки муҳаббат ба миллат аз тарси марг ва фишори сиёсӣ баландтар аст.
Шириншо Шотемур дар қатори ситораҳои дурахшоне чун Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад ва гузаштагони дигари мо, ки аҳдоф ва манофеи миллати худро ҳамеша ҳимоя намудаанд, садои мардуми худро ба гӯши роҳбарияти олии вақт расонид. Ӯ тамоми ҳаёти кӯтоҳ, вале пурсамари худро фидои як ҳадаф кард – эҳёи давлатдории миллии тоҷикон.
Дар ин росто бояд гуфт, ки муборизаи тоҷикон барои эҳёи давлату давлатдории худ дар он айём моҳиятан набарди адолатхоҳонаи сиёсӣ буд. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки дар он замон муқовимат кардан бо роҳбарони манфиатпарасту гурӯҳҳои миллатгаро хеле душвор буд.
Шириншо Шотемур дар шаклёбии фарҳанги умумитоҷикӣ саҳми бориз дошта, ҳангоми фаъолияташ дар Тройкаи ҳарбӣ-сиёсӣ (ТҲС, соли 1921), дар ҳудуди Помир гузаронидани тамоми чорабиниҳоро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда буд. Ин дар ҳоле буд, ки пас аз ғалабаи Инқилоб дар Бухоро забони тоҷикӣ ҳамчун «забони амир» расман манъ карда шуда буд.
Пас аз таъйин шуданаш ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, барои намояндаи доимии ҶМШС Тоҷикистон ҳуқуқи овози ҳалкунандаро талаб менамояд. Бо ин роҳ, ӯ мақоми намояндаи доимиро, ки то ин вақт дар маҷлисҳои Шурои Комиссарони Халқ (СНК), Шурои олии иқтисодии Ӯзбекистон (УзЭКОСО) ва дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявии иқтисодию банақшагирӣ танҳо бо овози машваратӣ иштирок мекард, устувор мегардонад.
Дар зимн, аз фаъолиятҳои боризи Шириншо Шотемур ҳангоми Намояндаи доимии ҶМШС Тоҷикистон дар ҶШС Ӯзбекистон буданаш, ёдовар бояд шуд, ки маҳз ӯ ноҳияи Панҷакентро, ки то он замон дар тобеияти ташкилоти партиявии Ӯзбекистон қарор дошт, пурра ба Тоҷикистон тобеъ намуд, барои ҳалли масъалаҳои андӯхташудаи молиявӣ ва хоҷагидорӣ-иқтисодии байни ду ҷумҳурӣ саҳм гирифта тавонист, тартиби хароҷоти буҷети ҶМШС Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон ба низом даровард ва дар тарбия ва таҳсили аввалин кадрҳои миллӣ саҳм гузошт ва дар нашри китоби машҳури Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» шарик шуд.
Муҳимтар аз ҳама корнамоии бузурги ӯ, ки бо гузоришнома ба номи Котиби генералии КМ ВКП(б) И.В. Сталин таҳти унвони «Дар бораи вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии тоҷикон дар ҳудуди ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки дар он Шотемур ҳамчун ташаббускор ва тарафдори ташкили давлатдории алоҳидаи тоҷикон, тарғибгар ва ҳимоятгари этноними «тоҷик» баромад мекунад, арзишманд аст. Мақому аҳаммияти ин ҳуҷҷат барои бозгашт ва идомаи мубоҳисаҳо дар мавзуи баррасии дубораи мушкилот ва бартараф намудани камбудиҳои дар раванди тақсимоти миллию марзии соли 1924 сарзада, ниҳоят баланд арзёбӣ мегардад.
Дар ҳассостарин вақт, яъне соли 1929, вақте ки масъалаи ба ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ба миён омад, Шотемурро аз таҳсил дар Москва бозхонд намуда, котиби масъули (аввалин шахси сиёсии) Кумитаи вилоятии партиявии Тоҷикистон интихоб карданд. Ӯ дар ташкилёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон нақши ниҳоят муҳим бозид.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба Тоҷикистон Шириншо дарк намуд, ки ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ нисбат ба тоҷикон беадолатӣ содир шудааст. Ӯ ҳамчун яке аз фарзандони боризи роҳи озодӣ вазифаи ҷониву шаҳрвандии худ медонист, ки барои таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сосиалистии алоҳидаи Тоҷикистон мубориза барад. Ӯ ин муборизаро ҳамчун сиёсатмадори баркамол пеш мебурд.
Ӯ ҳамчун ҳимоятгари ҳақиқии манфиатҳои халқи худ даъват мекард, ки ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ (маҳаллӣ) таваҷҷуҳ шавад, ӯ даъвои онро менамуд, ки ба тоҷикон чун як миллати комили дорои таърихи қадима ва фарҳанги бой назар намоянд, чун миллати мо соҳиби арзишҳои баланди моддиву маънавӣ аст ва тоҷик миллати мустақил аст.
Ҳуввияти баланди миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар қалби ин марди худогоҳ ҳамеша фурӯзон буд, бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои муҳаққиқи тоҷик Аламшоев Қ. М., ҳангоме ки аз ӯ суол мекунанд, дар куҷо фаъолият кардан мехоҳӣ? Шириншо Шотемур мегӯяд: “Он ҷое, ки тоҷикон бошанд!”.
Рӯйдоди муҳимму муассиру таърихӣ, ки рӯзҳои охир бо иқдоми Пешвои миллат ба вуқӯъ пайваст, яъне васл ёфтани мушти хоке аз турбати қаҳрамонон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди фарзонаи миллат Нисор Муҳаммад бо хоки муқаддаси Ватан, ки ин шахсиятҳои таърихӣ дар репресияи сиёсии солҳои 30-ум ба қатл расонида шуда буданд, амалишавии орзуҳои Шириншо Шотемур мебошад, ки аз қавли олими тоҷик зикр ёфт, яъне “ҷисму руҳи ман он ҷо маскан меёбад, ки онҷо тоҷикон бошанд”.
Бо гузашти солҳо, ормонҳои Шириншо дар давраи давлатдории навин амалӣ гардид ва он ормонҳоро, ки дар зери фишори таҳриб ҳазорҳо сол фарзандони огоҳи миллати тоҷик амалӣ карда натавонистанд, қурбонии ин роҳ шуданд, фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як Консепсияи комили тафаккури миллӣ табдил доданд ва давлати ормонии миллатро бунёд гузоштанд ва ғубори таърихро аз рӯйи хотираи миллат, фарҳанги он ва асолаташ пок намуданд. Ба сарсупурдагони ин роҳи озодӣ, дифоъкунадагони таъриху фарҳанги миллӣ унвони қаҳрамонӣ доданд ва охирон мусофирхоконро ба хоки муқаддаси ватан пайванд доданд, то руҳи онҳо шод ва осуда бошад, то ворисони онҳо хиҷолати тули анқариб як аср дар вуҷуд таҳаммулкардаи хешро комилан рафъ созанд, ки ин иқдоми Сарвари давлат аз бузургтарин амалҳост.
Муҳаммадфаридуни Фозил – мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

