25-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ баргузор гардид.
Дар семинар мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссия Вализода Ҳокимхон, роҳбарияти муассисаҳои зикршуда, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ ва муҳаққиқон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи дониши масъулини шуроҳои диссертатсионӣ, шарҳу тавзеҳи талаботи амалкунандаи соҳаи аттестатсияи илмӣ ва такмили раванди омодасозию ҳимояи рисолаҳои илмӣ арзёбӣ гардид.
Зимни семинар Вализода Ҳокимхон вобаста ба талаботи муосири таҳияи рисолаҳои илмӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқию методӣ, тартиби пешниҳоду баррасии корҳои илмӣ ва пешгирии камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар намуд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти босамару шаффофи шуроҳои диссертатсионӣ дар рушди илми ватанӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ нақши муассир дорад.
Ҳамчунин, иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи аттестатсия, татбиқи талаботи нави меъёрӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти масъулияти илмӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми семинар изҳори итминон карда шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои омӯзишӣ барои такмили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати рисолаҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ мусоидати арзишманд хоҳад намуд.

