Previous Next

РОҲНАМОИ ИЛМӢ БАРОИ УНВОНҶӮЁН ВА МУҲАҚҚИҚОН

Санаи 29- майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода семинари омузишӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятии Комиссия Каримзода Мавзуна, мудири бахши лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалии Комиссия Самариддини Ҷамолӣ, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, унвонҷӯён, муҳаққиқон ва дигар шахсони вобаста иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузори семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи илмии муҳаққиқон, шарҳу тавзеҳи талаботи муосир нисбат ба таҳияи рисолаҳои илмӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи меъёрҳои нави аттестатсионӣ арзёбӣ гардид.

Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки рушди фаъолияти илмӣ ва таҳкими сифати корҳои таҳқиқотӣ аз омилҳои муҳими пешрафти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. Масъулин дар суханронии худ масъалаҳои марбут ба омодасозии диссертатсияҳо, талаботи нави Комиссия нисбат ба корҳои илмӣ, тартиби нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва риояи меъёрҳои ахлоқи илмиро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби грантҳои илмӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири таҳқиқотӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо ба саволу пешниҳодҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуда, вобаста ба такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии унвонҷӯён тавсияҳои муфид ироа гардиданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org