Previous Next

ТАРТИБИ ТАҲИЯИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ

29-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ  баргузор гардид.

Дар семинар саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Шарифзода Дурнандеш, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятии Комиссия Каримиён Мадина, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ ва муҳаққиқон  иштирок намуданд.

Семинари мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи талаботи амалкунандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ, такмили сатҳи ҳуҷҷатнигорӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ роҳандозӣ гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои парвандаҳои аттестатсионӣ, омода ва пешниҳоди мақолаҳои илмӣ, риояи меъёрҳои нашр дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва дигар масъалаҳои муҳими соҳавӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад таъкид намуд, ки рушди соҳаи илм ва баланд гардидани сифати таҳқиқотҳои илмӣ аз масъулияти ҷиддӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ вобастагии калон дорад. Қайд гардид, ки дар шароити муосир таҳкими фарҳанги илмнигорӣ ва мутобиқ намудани корҳои илмӣ ба талаботи байналмилалӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҳамчунин намояндагони Комиссия ба иштирокчиён оид ба тартиби таҳияи мақолаҳои илмӣ, роҳҳои пешгирии камбудиҳои техникӣ ва мазмунӣ ҳангоми омодасозии ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, инчунин истифодаи дурусти манбаъҳои илмӣ тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Дар қисмати муҳокимавии семинар байни иштирокчиён ва намояндагони Комиссия мубодилаи афкор баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид дода шуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org