Бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир ба масъалаҳои такмили раванди аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ баргузор гардид.
Дар семинар раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Дурандеш Шарифзода, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, муҳаққиқон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Семинар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳаққиқон ва масъулини сохторҳои илмӣ аз талаботи амалкунандаи низоми аттестатсия, такмили сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва риояи меъёрҳои муқарраршуда ҳангоми омода ва ҳимоя намудани диссертатсияҳо ташкил гардид.
Зимни суханронии худ раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои муҳими татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи академӣ, пешгирии ҳолатҳои асардуздӣ (плагиат) ва таҳкими масъулияти муҳаққиқон ҷалб намуд.
Дар идомаи семинар Мавзуна Каримзода тартиби пешниҳод, баррасӣ ва экспертизаи диссертатсияҳоро шарҳ дода, вобаста ба талаботи нав нисбат ба рисолаҳои илмӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва ҳуҷҷатгузории аттестатсионӣ андешаронӣ намуданд..
Ҳамчунин, Дурандеш Шарифзода масъалаҳои марбут ба фаъолияти маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, талабот ба мақолаҳои илмӣ, нишондиҳандаҳои сифатии нашрияҳои илмӣ ва истифодаи захираҳои иттилоотии муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми семинар байни намояндагони Комиссия ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои муҳаққиқон ва аъзои шуроҳои диссертатсионӣ оид ба масъалаҳои аттестатсионӣ, нашри натиҷаҳои таҳқиқот ва тартиби ҳимояи рисолаҳои илмӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.

