Дар доираи тадбирҳои амалисозии сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди илм ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои илмӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои такмили раванди аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Дурандеш Шарифзода, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон, унвонҷӯён ва намояндагони сохторҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории семинар шарҳу тавзеҳи талаботи амалкунандаи низоми аттестатсияи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва масъулияти муҳаққиқон, такмили сифати таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани замина барои татбиқи меъёрҳои ягона дар омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ арзёбӣ гардид.
Зимни суханронии худ раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуръати илм ва технология масъалаи баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи байналмилалӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Қайд карданд, ки сифати рисолаҳои илмӣ ва сатҳи омодагии муҳаққиқон аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иқтидори илмии давлат ба ҳисоб рафта, дар ин замина риояи талаботи меъёрии аттестатсионӣ, меъёрҳои ахлоқи академӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти илмӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор дошта бошад.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сифати экспертизаи рисолаҳои илмӣ, тақвияти назорат аз болои риояи талаботи муқарраршуда ва пешгирии ҳолатҳои асардуздӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки мубориза бо плагиат ва ҳифзи арзишҳои ахлоқи академӣ шартҳои асосии рушди фазои солими илмӣ ва таҳкими эътимод ба натиҷаҳои таҳқиқот маҳсуб меёбанд.
Мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода зимни суханронии худ тартиби пешниҳод, баррасӣ ва экспертизаи диссертатсияҳоро шарҳ дода, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои марбут ба талаботи нави аттестатсионӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва масъулияти муҳаққиқон ҳангоми омодасозии рисолаҳои илмӣ ҷалб намуданд.
Инчунин, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Дурандеш Шарифзода масъалаҳои вобаста ба фаъолияти маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, талаботи муосир нисбат ба мақолаҳои илмӣ, меъёрҳои арзёбии сифати нашрияҳои илмӣ ва истифодаи захираҳои рақамӣ ва иттилоотии байналмилалиро ба самъи шунавандагон расониданд. Зикр гардид, ки сифати нашрияҳои илмӣ ва сатҳи интишори натиҷаҳои таҳқиқот аз омилҳои муҳими баланд бардоштани нуфузи илмии муҳаққиқон ва муассисаҳои илмӣ ба шумор мераванд.
Дар фарҷоми семинар миёни намояндагони Комиссия ва иштирокчиён мубодилаи судманди афкор баргузор гардида, ба саволҳои муҳаққиқон ва аъзои шуроҳои диссертатсионӣ вобаста ба масъалаҳои аттестатсионӣ, тартиби нашри натиҷаҳои илмӣ, истифодаи низомҳои муосири арзёбии фаъолияти илмӣ ва омодасозии рисолаҳо посухҳои мушаххас дода шуданд.
Баргузории семинари мазкур ҳамчун иқдоми муҳим дар самти такмили низоми аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ арзёбӣ гардида, натиҷаи он дар баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рушди захираҳои зеҳнӣ ва таҳкими иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

