3 июни соли ҷорӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба татбиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» хониши идоравӣ баргузор гардид.
Чорабиниро мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссия Ҳокимхон Вализода ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва нақши онро дар фаъолияти илмӣ ва аттестатсионӣ қайд карданд. Мавсуф дар мавзуи «Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” зимни баррасии парвандаҳои аттестатсионӣ» баромад намуданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои риояи меъёрҳои забони давлатӣ ҳангоми таҳия ва баррасии корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва зарурати истифодаи дурусти қоидаҳои имло ва китобатро таъкид намуданд.
Сипас, директори Китобхонаи ба номи “Индира Ганди”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шодимуҳаммад Суфизода дар мавзуи «Забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм: дастовардҳо, душвориҳо ва дурнамои рушд дар заминаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масъалаҳои рушди истилоҳоти илмӣ, густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар муҳити илмӣ, дурнамои таҳкими мақоми забони давлатӣ ҳамчун забони илм, интихоби дурусти мавзӯъҳои корҳои илмӣ, беҳтар кардани сифати корҳои пажӯҳишӣ, баланд бардоштани масъулияти довталабон ва гайраҳо ҷалб намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба роҳҳои такмили истифодаи забони давлатӣ дар фаъолияти илмӣ ва аттестатсионӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.

