Previous Next

ТАКМИЛИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ДАР МЕҲВАРИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои такмили раванди аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳаққиқон ва унвонҷӯён аз талаботи амалкунандаи соҳаи аттестатсияи давлатӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ бо Комиссияи олии аттестатсионӣ арзёбӣ гардид.

Дар семинар саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ Расул Маъруфӣ, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Дурандеш Шарифзода, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мадина Каримиён, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон, унвонҷӯён ва намояндагони сохторҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.

Зимни семинар масъалаҳои марбут ба талаботи муосир нисбат ба диссертатсияҳо ва авторефератҳо, тартиби пешниҳоду баррасии парвандаҳои аттестатсионӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои илмӣ ва пешгирии ҳолатҳои плагиат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Намояндагони Комиссия дар баромадҳои худ ба зарурати баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, мутобиқ намудани корҳои илмӣ ба талаботи байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуръати илм ва технология баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон, таҳкими фарҳанги академӣ ва таъмини шаффофият дар раванди аттестатсияи давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа ба шумор мераванд.

Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда вобаста ба тартиби аттестатсияи давлатӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва талаботи нави соҳавӣ аз ҷониби корманддони Комиссияи олии аттестатсионӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org