Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 июни соли ҷорӣ хониши идоравиро дар мавзуи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Чорабиниро саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ Расул Маъруфӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии исрофкорӣ дар ҷомеа равона гардидааст. Ӯ таъкид намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз санадҳои муҳими иҷтимоӣ буда, дар таҳкими фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муассир дорад.
Дар идома корманди раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллахонзода Раҷабалӣ Чиллахон дар мавзуи “Шарҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”” маъруза намуда, ба самъи аҳли толор муҳтавои қонун, ҳадафҳои асосии он, тағйиру иловаҳои воридгардида ва масъулияти шаҳрвандонро дар самти риояи меъёрҳои муқарраргардида расонид.
Зикр гардид, ки татбиқи самараноки Қонун барои пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Комиссияи олии аттестатсионӣ Алиҷон Шоназаров доир ба мавзуи “Вазъи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Комиссияи олии аттестатсионӣ” баромад карда таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабиниро оид ба корҳои анҷомёфта ҷиҳати иҷрои талаботи қонун, натиҷаҳои бадастомада ва тадбирҳои минбаъдаи баланд бардоштани масъулияти кормандон ҷалб намуданд.
Дар ҷараёни хониши идоравӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни мазкур мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Таъкид гардид, ки риояи қатъии талаботи Қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили муҳими рушди ҷомеаи муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар охир чорабинии мазкурро саркотиби илмии Комиссия Расул Маъруфӣ ҷамъбаст карда, ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва аз ҷониби кормандон риоя ва тибқи талаботи Қонун баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ, маросими домодталбон ва арӯсбинон ва маросими дафну азодорӣ андешаҳои худро иброз намуданд.

