Previous Next

МУТОБИҚНАМОИИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ БА СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илм, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Масъалаҳои такмили раванди аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ» баргузор гардид.

Дар семинар раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Дурандеш Шарифзода, роҳбарияти Академия, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, кормандони илмӣ-педагогӣ ва муҳаққиқон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории семинар шарҳу тавзеҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи низоми аттестатсияи давлатӣ, таҳкими фарҳанги академӣ, баланд бардоштани масъулияти илмии муҳаққиқон, такмили сифати корҳои диссертатсионӣ ва татбиқи меъёрҳои ягонаи экспертиза ва арзёбии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ арзёбӣ гардид.

Зимни суханронии худ раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Сайфиддин Давлатзода иброз намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавии фазои илмӣ ва рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ масъалаи мутобиқ намудани таҳқиқоти илмӣ ба стандартҳои байналмилалии сифати илм, риояи принсипҳои ахлоқи академӣ ва таъмини рақобатпазирии натиҷаҳои илмӣ аҳамияти калидӣ пайдо кардааст. Номбурда таъкид намуданд, ки сифати рисолаҳои илмӣ, сатҳи методологии таҳқиқот, эътимоднокии натиҷаҳои илмӣ ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз нишондиҳандаҳои муҳими арзёбии иқтидори илмии давлат ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани самаранокии экспертизаи илмӣ, таҳкими назорати сифат дар ҳамаи марҳилаҳои баррасии диссертатсияҳо, таъмини шаффофият ва беғаразии расмиёти аттестатсионӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои вайронкунии ахлоқи академӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода тартиби пешниҳод, баррасӣ ва экспертизаи диссертатсияҳоро тибқи талаботи амалкунанда шарҳ дода, диққати аҳли толорро ба сифати омодасозии ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, риояи талаботи нави меъёрӣ, масъулияти муаллифон ва роҳбарони илмӣ дар раванди таҳияи корҳои диссертатсионӣ ҷалб намуданд.

Ҳамзамон, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссия Дурандеш Шарифзода оид ба талаботи муосир нисбат ба фаъолияти маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, меъёрҳои арзёбии сифати нашрияҳои илмӣ, масъалаҳои индексатсия ва иқтибоснокии мақолаҳои илмӣ, инчунин истифодаи захираҳои байналмилалии иттилоотӣ ва китобхонаҳои электронии илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки рушди фарҳанги нашриёти илмӣ ва густариши ҳузури муҳаққиқони ватанӣ дар фазои байналмилалии илм аз омилҳои муҳими баланд бардоштани нуфузи илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ миёни намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ва иштирокчиён мубодилаи афкор ва муҳокимаи озод баргузор гардида, ба саволҳои марбут ба расмиёти аттестатсионӣ, талаботи нашри натиҷаҳои илмӣ, истифодаи системаҳои муосири арзёбии фаъолияти илмӣ, нишондиҳандаҳои библиометрӣ, инчунин масъалаҳои таҳия ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ посухҳои мушаххас ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org