Санаи 8-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Мумин Шарифзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода, роҳбарият, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, кормандони илмӣ-педагогӣ, муҳаққиқон ва унвонҷӯёни Академияи идоракунӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории семинар шарҳу тавзеҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи низоми аттестатсияи давлатӣ, таҳкими фарҳанги академӣ, баланд бардоштани масъулияти илмии муҳаққиқон, такмили сифати корҳои диссертатсионӣ ва татбиқи меъёрҳои ягонаи экспертиза ва арзёбии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки сифати рисолаҳои илмӣ, сатҳи методологии таҳқиқот, эътимоднокии натиҷаҳои илмӣ ва саҳми онҳо дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои арзёбии иқтидори илмии давлат ба ҳисоб рафта, дар таҳкими мавқеи илмии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои мубрами марбут ба такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани самаранокии экспертизаи илмӣ, таҳкими назорати сифат дар тамоми марҳилаҳои баррасии диссертатсияҳо, таъмини шаффофият ва беғаразии расмиёти аттестатсионӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои вайронкунии ахлоқи академӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Сипас, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Мавзуна Каримзода тартиби пешниҳод, баррасӣ ва экспертизаи диссертатсияҳоро мутобиқ ба талаботи амалкунанда шарҳ дода, диққати иштирокчиёнро ба масъалаҳои сифати омодасозии ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ, риояи талаботи нави меъёрӣ, масъулияти муаллифон ва роҳбарони илмӣ дар раванди таҳия ва ҳимояи корҳои диссертатсионӣ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни семинар оид ба талаботи муосир нисбат ба фаъолияти маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, меъёрҳои арзёбии сифати нашрияҳои илмӣ, иқтибоснокии мақолаҳои илмӣ, инчунин истифодаи самараноки захираҳои байналмилалии иттилоотӣ ва китобхонаҳои электронии илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Таъкид карда шуд, ки рушди фарҳанги нашриёти илмӣ, баланд бардоштани сатҳи нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва густариши ҳузури муҳаққиқони ватанӣ дар фазои ҷаҳонии илм аз омилҳои муҳими таҳкими нуфузи илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар ба шумор меравад.
Дар интиҳо миёни намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ва иштирокчиён мубодилаи афкор ва муҳокимаи озод баргузор гардида, ба саволҳои марбут ба расмиёти аттестатсионӣ, талаботи нашри натиҷаҳои илмӣ, истифодаи системаҳои муосири арзёбии фаъолияти илмӣ, нишондиҳандаҳои библиометрӣ ва масъалаҳои таҳияву ҳимояи рисолаҳои илмӣ посухҳои мушаххас ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.

