Previous Next

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ АТТЕСТАТСИЯИ КАДРҲОИ ИЛМӢ

9 -уми июни соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Татбиқи талаботи муосир дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Мумин Шарифзода, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрии Комиссия Заррина Шоҳмуродзода, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Комиссия Фазлиддин Холмуродзода, роҳбарият, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти Академияи кишоварзӣ оғоз гардида, нақши илму инноватсия дар рушди бахши аграрӣ, таҳкими иқтидори илмии мамлакат ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки дар шароити муосир рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бе истифодаи дастовардҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои нав ғайриимкон буда, маҳз фаъолияти пурсамари олимон ва муҳаққиқон метавонад барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар идомаи семинар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Мумин Шарифзода доир ба сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, инчунин талаботи нав нисбат ба омода ва ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ маърӯза намуданд. Таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, риояи меъёрҳои байналмилалии таҳқиқот ва густариши робитаҳои илмӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеаи илмии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Заррина Шоҳмуродзода зимни суханронии худ масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ, талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ ва нақши нашрияҳои тақризшавандаро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, ба зарурати риояи меъёрҳои методологии таҳқиқот, таҳкими фарҳанги илмӣ ва баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон ҳангоми таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Ҳамчунин, Фазлиддин Холмуродзода вобаста ба ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти илмӣ, риояи қонунгузории соҳавӣ, масъалаҳои моликияти зеҳнӣ ва пешгирии ҳолатҳои вайрон намудани меъёрҳои ахлоқи илмӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки риояи принсипҳои ростқавлӣ, шаффофият ва масъулият дар фаъолияти илмӣ яке аз шартҳои асосии рушди илм ва баланд гардидани эътибори муҳаққиқон мебошад.

Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба пешгирии плагиат, истифодаи дурусти манбаъҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати интишороти илмӣ, рақамикунонии фаъолияти илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва аттестатсионӣ саволу пешниҳодҳои худро иброз намуда, аз ҷониби намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ҷавобҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд. Муҳокимаҳо дар фазои озоду созанда ҷараён гирифта, барои таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо Комиссия ва беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мусоидат намуданд.

Дар ҷамъбасти семинар таъкид гардид, ки татбиқи талаботи муосири аттестатсияи илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқот, таҳкими масъулияти илмии муҳаққиқон ва истифодаи самараноки натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди илм ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, огоҳӣ аз тағйиру иловаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот нақши муассир доранд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org