Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз ва таҳкими хотираи таърихӣ, эҳтиром ба мероси маънавӣ ва сиёсӣ, инчунин, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи миллӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии давлат мавқеи муҳим касб намудааст. Дар ин замина санаи 10 июни соли ҷорӣ ҳайати кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи олимону муҳаққиқони кишвар ба «Оромгоҳи мемориалии Лучоб» ташриф оварда, хотираи фарзандони барӯманди миллатро пос доштанд.
Чорабинии мазкур дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва ҳувиятсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо ва эҳёи хотираи таърихии ҷомеа мусоидат намуд.
Зимни боздид иштирокдорон ба оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маорифпарвари асил Нисор Муҳаммад, инчунин, ба мазорҳои донишмандон, адибон, олимон ва чеҳраҳои шинохтаю маъруфи илму фарҳанги тоҷик гулчанбар гузошта, аз хизматҳои арзишманди онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ, рушди фарҳанг, маориф ва худогоҳии миллӣ ёдовар шуданд.
Аз ҷумла, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, доктори илмҳои биология, профессор Сайфиддин Давлатзода, доктори илмҳои филология, профессор, акдемики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, доктори илмҳои педагогика, профессор Бибиҳафиза Маҷидова пас аз гузоштани гулчанбарҳо ба хоки бузургон ва адои эҳтиром дар назди щозирин суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки омузиши мероси сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии фарзандони фарзонаи миллат барои ҷомеаи илмӣ ва насли ҷавон аҳамияти стратегӣ дошта, фаъолияти давлатсозона ва маърифатпарваронаи ин шахсиятҳо имрӯз ҳамчун сарчашмаи омузиши таҷрибаи таърихӣ ва мактаби бузурги ватандӯстӣ хизмат менамояд.
Таъкид намуданд, ки нақши ин шахсиятҳои таърихӣ дар ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ, дар раванди ташаккули институтҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди шуури сиёсиву иҷтимоии ҷомеа басо бузург мебошад. Маҳз ҷонбозию азхудгузаштанҳои онҳо барои пойдории идеяи давлатдории тоҷикон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули заминаҳои рушди ҷомеаи муосир саҳми назаррас гузоштааст.
Иштирокдорон, махсусан, ба иқдоми бузургу таърихии Пешвои миллат ҷиҳати ба Ватани аҷдодӣ бозгардонидани хоки муқаддаси турбати ин бузургони миллат баҳои баланд дода, зикр карданд, ки ин амал на танҳо як амали инсонпарварона, балки падидаи муҳими сиёсиву фарҳангӣ буда, ба эҳёи адолати таърихӣ, таҳкими хотираи коллективӣ ва рушди худшиносии ммиллӣ мусоидат намудааст.
Қайд карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои муосири геосиёсӣ таҳкими ҳуввияти миллӣ, рушди худшиносии таърихӣ ва тарбияи шаҳрвандони фаъолу масъулиятшинос аз вазифаҳои калидии низоми маориф ва илм ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони миллат, олимон, адибон ва дигар шахсиятҳои таърихӣ бояд ба яке аз унсурҳои муҳими муҳтавои таълиму тарбия табдил дода шавад.
Дар ҷараёни мулоқот олимон ва намояндагони ҷомеаи илмӣ таъкид намуданд, ки мероси маънавии бузургони миллат дорои аҳамияти баланди таърихӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мебошад. Осори илмӣ, адабӣ ва фарҳангии онҳо на танҳо бахши муҳими ганҷинаи тамаддуни миллӣ, балки сарчашмаи муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати шаҳрвандӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар мактаби зиндагӣ ва фаъолияти чунин чеҳраҳои барҷаста садҳо олимон, омузгорон, адибон ва ходимони давлатӣ ба камол расида, дар рушди илму маориф, фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи хотираи таърихии онҳо ва омузиши мероси барҷастаи онҳо ҳамчун омили муҳими рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими фазои маънавии ҷомеа арзёбӣ гардид.
Арҷгузорӣ дар фазои самимият, эҳтиром ба таърих, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида, иштирокдорон барои руҳи поки бузургони миллат дуои хайр хонда, бори дигар аҳамияти омузиш ва тарғиби мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангии онҳоро барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ таъкид намуданд.
Ин гуна иқдомҳо ҳамчун василаи муҳими таҳкими хотираи таърихӣ, рушди фарҳанги сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллӣ дар ҷомеа аҳамияти махсус дошта, ба таҳкими пояҳои маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

