Previous Next

ГУЛИ СИЁВУШ ВА ЛОЛА: НИГИНИ КӮҲСОР ВА РАМЗҲОИ БЕЗАВОЛИ МИЛЛӢ

 Тоҷикистон, кишвари кӯҳҳои зебои сарбафалаккашида ва чашмасорони софу зулол, аз қадимулайём бо табиати зебову биҳиштосо, гулҳои рангорангу нодир шуҳратёр гаштааст. Дар фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон табиат ва унсурҳои он, бахусус гулҳои баҳорӣ, на танҳо манбаи зебоӣ ва илҳом, балки инъикосгари таърихи куҳан ва руҳияи шикастнопазири миллат ба шумор мераванд. Дар миёни ин ҳама олами рангини наботот ду гул - Гули Сиёвуш (ё Сиёҳгӯш) ва Лола дар андешаи мардуми мо мақоми муқаддас ва миллӣ доранд. Онҳо аввалин муждарасони баҳор буда, дар замири ҳар як фард тухми меҳру муҳаббат, инсондӯстию ватандӯстӣ ва сабзишу эҳёро мекоранд.

Гули Сиёвуш (Сиёҳгӯш): Аз қаъри ривояту асотирҳо то қуллаи ифтихор Гули Сиёвуш, ки дар байни мардум бо номҳои Сиёҳгӯш ва гули Наврӯзӣ низ маълуму маъруф аст, яке аз қадимтарин рамзҳои табиии мост. Таърихи пайдоиши номи ин гул бо ривоятҳои куҳани ориёӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳазор сол муқаддам, шоҳномасарои беҳамто Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ қиссаеро иншо кардааст, ки мувофиқи он, пас аз ноҷавонмардона кушта шудани шоҳзодаи ҷавонмарг ва поктинат - Сиёвуш аз дасти Афросиёб, дар ҷое, ки қатраҳои хуни ӯ рехт, гиёҳи сурху зебое сабзид.

      Мардум ин гулро ба хотири пос доштани ному хотираи ин қаҳрамон «хуни Сиёвуш» номиданд ва ҳар баҳор ҳангоми сабзидани он маросими «Сайри гули сурх»-ро барпо мекарданд. Дар байни тоҷикон пас аз шукуфтани гули сияҳгӯш (Сиёвуш) хурдсолон ва наврасон маросими "Гулгардонӣ"-ро баргузор менамоянд, ки ин барои пос доштани хотираи Сиёвуш аст.Дар суннати мардумии «Гулгардонӣ» кӯдакон ҳамин гулро аз дашту даман ва кӯҳсорон чида, ба хонаҳо меоварданд ва ба калонсолон тақдим намуда, муждаи оғози баҳорро мерасонданд. Аз нигоҳи таърихӣ ва равонӣ, Гули Сиёвуш рамзи покандешӣ, ҷавонмардӣ ва пирӯзии ҳаёт бар мамот аст.

Лола: Илҳомбахши адибон ва зебоии табиати диёр. Дар канори гули Сиёвуш, Лола низ дар фарҳанги мо мақоми шоҳона дорад. Аз рӯи биниш ва фаҳмиши мардуми тоҷик, шукуфтани лолаҳои сурх дар доманаи кӯҳсор нишонаи фанои сармо ва эҳёи табиат аст. Баҳорон мардум ба хотири ин гули зебо бузургтарин иди мардумӣ «Сайри лола»-ро ҷашн мегирифтанд, ки он ҷанбаи бузурги маърифативу фарҳангӣ дошт. Дар ин ҷашнвора шоирону донишмандон ҷамъ омада, шеърҳои баҳория мехонданд, ҳунармандону пазандагон беҳтарин маҳсулоти худро пешкаш мекарданд ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешуд.

Дар шеъру адабиёти тоҷик, лола ҳамеша рамзи зебоӣ, ишқи пуршӯр ва баҳори ҷавонист. Мардум дар рубоиҳои шифоҳии худ ин гулро ба зебоиву сузи ишқ шабеҳ додаанд:

 Ин маҳа бубин, дар осмон нимпора,

Нимуш – гули арғувон, нимуш – лола.

Лола ба даруни худ сиёӣ дора,

Ёри мана бин, ай ман ҷудоӣ дора.

Пайванди ду гул ҳамчун рамзи эҳё ва ватандӯстӣ. Гулҳои Сиёвуш ва Лола дар дашту даман ва оғӯши кӯҳсори Тоҷикистон на танҳо намунаи олии зебоии табиат, балки  муждаи сабзишу эҳёи зиндагиро доранд. Оғози ҳар баҳор, вақте ки барфҳо об мешаванд, сабзидани ин гулҳои сурх дар ёди мо таронаи бедории заминро замзама мекунад. Ин ду гул дар якҷоягӣ меҳр ба замину обу хоки диёрро ифода карда, дар қалби ҳар як бинанда эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор месозанд. Онҳо хотиррасон мекунанд, ки Ватани мо мисли ҳамин гулҳо нозук, зебо ва арзишманд аст.

Мо бояд дарк кунем, ки эҳтиром ба ин рамзҳои табиии миллат - эҳтиром ба таърих ва фарҳанги худи мост. Биёед, ҳисси зебоипарастиро дар насли ҷавон тарбия кунем, то онҳо донанд, ки зебоии гулҳои Сиёвуш ва Лола дар решакан кардану нобуд сохтани онҳо нест, балки дар ҳифз кардан ва тамошои онҳо дар оғӯши табиат аст. Бигзор ин гулҳои миллӣ то абад дар дашту даман ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистони азиз шукуфон бошанду рамзи зебоии миллии мардуми моро ифода кунанд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org