ТИМСОЛИ ХИРАД ВА НУРИ МАОРИФ

РАВШАНИЕ ДАР ТОРИКӢ

Дар паҳнои таърих баъзе шахсиятҳо чун ситораҳои дурахшон ҷилвагар мешаванд - умрашон кӯтоҳ, аммо партавашон то абад дар шерозаи давру замон нақш мебандад. Нисор Муҳаммад Юсуфзай аз ин гурӯҳ аст: марде, ки дар сарзамини бегона дар таҳкими адолат ва рушди маориф умр ба сар бурд, аммо ба таърихи миллати тоҷик ба қадри як аср хидмат гузошт.

Нисор Муҳаммад дар қатори дигар фарзонафарзандони тоҷик яке аз нахустин нафароне буд, ки мехост давлати тоҷикон аз Туркистон ҷудо бошад, давлати мустақили Тоҷикистон таъсис ёбад. Дар мақолаҳо, дар маҷлисҳо, дар баҳсҳои сиёсӣ ӯ бо қотеъият талаб мекард ва бо далели мантиқӣ собит месохт, ки тоҷикон миллати мустақиланд, забони алоҳида доранд, таърихи бойи чандинҳазорсола доранд ва ҳаққи истиқлолияти давлатиро бархурдоранд.

Ин овоз, ин даъват соли 1924 меваи аввалини худро овард- Тоҷикистони мухтор дар таркиби ҶШС Узбекистон таъсис ёфт ва  соли 1929  ҷумҳурии мустақил эълон гардид. Дар ин равандҳо қатори дигар фарзандони фарзонаи миллат нақши Нисор Муҳаммад низ беандоза бузург буд.

Он чи ки ин марди фарзонаро дар қалбҳои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷовид нигоҳ медорад, на сиёсат, балки маориф аст. Вай аввалин китобҳои дарсии тоҷикиро бунёд гузошт. Ба лутфи ӯ аввалин мактабҳои тоҷикзабон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистони навтаъсис кушода шуданд. Аввалин донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои Тошканд, Маскав ва Ленинград рафтанд, самараи заҳматҳои бевоситаи ӯ буд. Ин амалҳо на танҳо хизмати маъмурӣ, балки  сармоягузорӣ ба ояндаи як миллат буд ва абадан бояд аз хотираҳо зудуда нагарданд.

Соли 1926, замоне ки Нисор Муҳаммад ба вазифаи Комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон таъин шуд, фаъолияти худро дучанд афзуд. Мактаб ва дониш - ин ду калима барои ӯ ибодат буданд. Ӯ бовар дошт, ки миллате, ки китоб надорад-савод надорад, савод набошад ояндаро сохта намешавад. Халқи тоҷик бошад аз қадимулайём соҳиби девон буду савод. Ва ин боварӣ дар кирдораш зоҳир мешуду ба дигарон талқин мекард.

Афсӯс, ки рӯзгор ба чунин мардон аксар вақт илтифот намекунад. Соли 1937 - соле, ки тамоми Иттиҳоди Шуравӣ дар чанголи ваҳшати хиёнату хиёнаткорӣ буд - Нисор Муҳаммадро аз миён бурд. Дар Маскав, дур аз кӯҳҳои Ҳиндукушу дур аз қуллаҳои осмонбуси Бадахшон, заминҳои зархези водии Вахшу водии Ҳисор, соҳили Сирдарё ва боғу токзори водии Рашт ин фарзанди фарзонаи ду сарзамин ба қатл расид. Ӯ он замон ҳамагӣ чил сол дошт.

Аммо марг ба шахсиятҳои бузург, ғояҳои созанда ғалаба карда наметавонад - ғалаба мекунанд онҳое, ки кор карданд, на онҳое, ки куштанд. Нисор Муҳаммад имрӯз дар дона-дона ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ зинда аст, дар ҳар китобе, ки кӯдаки тоҷик дар мактаб мехонад, дар ҳар донишҷӯе, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо таҳсил мекунад. Вай дар оғози давлатдории навини тоҷикон ҳамроҳи дигар ҳаммаслакон пойдевор сохт - мо дар он пойдевор, ба умеди фардои боз ҳам дурахшон, бинои муҳташами пешрафту рушди Тоҷикистонро бунёд месозему дар он кору зиндагӣ  мекунем.

Нисор Муҳаммад - ёдгории замоне аст, ки мардони ростқавл умрашонро на барои худ, балки барои манфиати давлату миллат харҷ мекарданд. Ва ин - баландтарин шаъну шарафест, ки инсон метавонад дар зиндагии кӯтоҳи хеш ба даст оварад.

Дар бораи Нисор Муҳаммад сухан гуфтан танҳо шумурдани санаҳо нест. Санаҳо рақаманд: муайян, дақиқ, хомӯш. Аммо паси ҳар сана нафаси одамӣ, овози давр, тарсу умед, ирода ва интихоб меистад. Агар ба Нисор Муҳаммад танҳо аз равзанаи вазифа нигарем, симои ӯ нимарӯшан мемонад. Ӯро бояд дар заминаи замоне дид, ки сарҳадҳо дигар мешуданд, мафҳуми миллат аз зери ғубори таърихӣ берун меомад, мактаб ба маънои ҳақиқӣ ба муҳити бедории умумӣ табдил меёфт ва қалам, китобу тахтаи синф ҳамсанги қарорҳои сиёсӣ аҳаммият пайдо мекарданд.

Шахсияти Нисор Муҳаммад аз ҳамин нуқтаи пайванди таърихӣ бармехезад: миёни сиёсат ва маориф, миёни давлат ва мактаб, миёни орзуи адолати иҷтимоӣ ва зарурати сохтани ниҳодҳои воқеӣ. Дар симои ӯ мо на як суханвари минбарӣ, балки бунёдгузореро мебинем, ки ба кори хомӯш, пурмашаққат ва дар айни замон тақдирсоз эътиқод дошт.

Нисор Муҳаммад соли 1897 дар муҳити Пешовар ба дунё омад, маконе, ки худ ба худ дар зеҳни таърихӣ рамзи роҳ, гузаргоҳ ва бархӯрди тамаддунҳост. Ин зодгоҳ дар сарнавишти ӯ тасодуфи хушку холӣ набуд. Пешовар, Афғонистон, Осиёи Миёна ва баъдан Тоҷикистон барои ӯ танҳо харитаи ҷуғрофӣ набуд; инҳо зинаҳои як ҷустуҷӯи маънавӣ ва сиёсӣ ба шумор мерафтанд. Ӯ аз он гурӯҳи инсонҳо буд, ки ҷаҳонро аз як маҳал васеътар медиданд ва хизмат ба мардумро бо чаҳорчӯбаи танги манфиати шахсӣ маҳдуд намекарданд.

Ҷавонии ӯ ба даврае рост омад, ки минтақаи мо дар гирдоби бедориҳои сиёсӣ, муборизаҳои миллӣ ва тағйири сохтори давлатҳо қарор дошт. Нисор Муҳаммад дар рӯйдодҳои инқилобии Афғонистон иштирок кард ва дар ҷанги сеюми англису афғон дар соли 1919 аз ҷумлаи чеҳраҳои фаъол шинохта шуд. Наздикии ӯ ба Амонуллоҳхон низ аз ҳамин муҳити андешаи нав, истиқлолхоҳӣ ва ҷустуҷӯи роҳи дигар барои ҷомеаи шарқӣ бармеояд. Аммо тақдир ӯро ба роҳи дигар бурд: муҳоҷирати сиёсӣ ба Осиёи Миёна ва пайвастан ба кори бунёди маорифу фарҳанги тоҷикӣ.

Дар чунин гузаришҳо одатан инсон ё мешиканад ё бузургтар мешавад. Нисор Муҳаммад аз гурӯҳи дуюм буд. Ӯ дар муҳоҷират худро гум накард: баръакс, аз таҷрибаи талхи таърихӣ неру гирифт. Барои марде, ки аз воқеаҳои сиёсат гузашта буд, мактаб дигар як муассисаи одӣ набуд. Мактаб барои ӯ қалъаи ороми оянда, ҷойи тарбияи инсони нав ва василаи барқарории иззати ҷомеа ба шумор мерафт.

Ҳар давлат дар оғоз ба рамзҳо эҳтиёҷ дорад: парчам, нишон, идора, роҳ, қароргоҳ, сарҳад. Аммо давлат танҳо бо инҳо устувор намешавад. Пояи ботинии давлат дар синфхона, дар алифбо, дар китоби аввалини кӯдак ва дар омодагии кадрҳои миллӣ гузошта мешавад. Нисор Муҳаммад ин ҳақиқатро барвақт дарк карда буд. Аз ин рӯ, саҳми ӯ дар маорифи Тоҷикистонро бояд ҳамчун як кори маъмурӣ не, балки ҳамчун меъмории маънавии давлат арзёбӣ кард.

Солҳои 1923-1924  ӯ китобҳои «Раҳнамои ҳисоб» ва «Алифбо»-ро ба табъ расонид. Ин ду ном дар назар соддаанд, вале дар маънои таърихӣ ниҳоят бузурганд. «Алифбо» танҳо маҷмуи ҳарфҳо нест, он иҷозаи ворид шудан ба ҷаҳони дониш аст. «Раҳнамои ҳисоб» танҳо китоби арифметика нест, он тарбияи тафаккури тартиб, андоза, мантиқ ва ҳисобгарист. Миллате, ки алифбои худро дар даст мегирад ва ҳисобро меомузад, тадриҷан аз ҳошияи таърих ба маркази худшиносӣ наздик мешавад.

Талошҳои Нисор Муҳаммад барои кушодани мактабҳо, омода кардани китобҳои дарсӣ ва фиристодани нахустин донишҷӯёни тоҷик ба марказҳои бузурги илмӣ - Москва ва Ленинград - аз дурандешии амиқ дарак медиҳанд. Ӯ танҳо имрӯзро намедид. Нигоҳаш ба насли оянда буд: ба он ҷавононе, ки баъдтар бояд муаллим, муҳандис, пизишк, ходими давлатӣ, муҳаққиқ ва нигаҳбони забону фарҳанги миллӣ мешуданд. Бисёр корҳои бузург дар таърих бо садои баланд оғоз намешавад, бо варақи сафеди дафтар, бо қалами сиёҳ, бо омузгори фидоӣ ва бо кӯдаке оғоз мешавад, ки бори аввал ҳарфро шинохтааст.

Ҳамин ҷиҳат Нисор Муҳаммадро аз доираи як мансабдори маъмулӣ берун мебарад. Ӯ дар соҳаи маориф танҳо иҷрокунандаи супоришу дастур набуд, руҳи созандае буд, ки маърифати оммаро шарти асосии эҳёи иҷтимоӣ медонист. Дар замоне ки бесаводӣ, камбуди кадрҳо ва ноустувории ниҳодҳо мушкилоти ҷиддӣ буданд, ӯ ба китобу мактаб ҳамчун ба неруи тағйирдиҳандаи таърих такя мекард.

Номи Нисор Муҳаммад дар таърихи Тоҷикистон дар канори номҳое чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур ба ёд оварда мешавад. Ин ҳамнишинӣ тасодуфӣ нест. Онҳо ҳар кадом аз як самте барои бунёди Тоҷикистони навин хидмат карданд: яке бо иродаи сиёсии миллӣ, дигаре бо ҳимояи ҳуқуқи таърихии тоҷикон, сеюмӣ бо сохтани пояҳои маърифат ва фарҳанги давлатӣ. Дар ин чоргона Нисор Муҳаммад симои маорифпарвареро дорад, ки медонист бе дониш на давлат комил мешавад, на истиқлолияти фикрӣ ба вуҷуд меояд.

Дар раванди ташаккули Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан, болоравии мақоми ҷумҳурӣ, масъалаи маориф танҳо як бахши иҷтимоӣ набуд. Он ба масъалаи ҳастии миллӣ пайванд дошт. Барои ҷомеае, ки мехост худро ҳамчун воҳиди таърихӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ кунад, мактаб, забон, китоб ва кадрҳои миллӣ нақши ҳалкунанда доштанд. Нисор Муҳаммад ин пайвандро дар амал эҳсос мекард. Аз ин рӯ, кори ӯ дар маориф, дар ниҳоят, ба кори давлатсозӣ баробар буд.

Манзараи он солҳоро тасаввур кардан осон нест. Сиёсат бо суръат иваз мешуд, имкониятҳо кам, талабот зиёд, роҳҳо душвор ва муҳити маъмурӣ пурпечутоб буд. Аммо маҳз дар ҳамин гуна вазъият арзиши одамон равшан мешавад. Шахсе, ки дар давраи оромию субот кор мекунад, натиҷаи кораш дигар аст. Вале касе, ки дар давраи парешонӣ меофарад, ниҳод месозад, мактаб мекушояд ва ба ҷавонон роҳ нишон медиҳад, аз ҷинси дигар аст. Нисор Муҳаммад аз ҳамин ҷинс буд.

Соли 1937 дар сарнавишти бисёр фарзандони бедори миллат ба мисли шабе фурӯ омад, ки ситораҳоро як ба як аз осмон меканд. Нисор Муҳаммад низ аз гирдоби таъқиботи сиёсии он солҳо эмин намонд. Парвандаҳои сохта, айбномаҳои беасос ва шикастани тақдири инсонҳои созанда яке аз саҳифаҳои дардноки таърихи асри XX аст. Дар чунин саҳифаҳо қалам бояд ҳам дақиқ бошад, ҳам боэҳтиром: зеро сухан дар бораи инсонҳое меравад, ки на танҳо ҷони худро аз даст доданд, балки солҳо номи онҳо низ зери ғубори туҳмат монд.

Марги Нисор Муҳаммад танҳо поёни зиндагии як шахс набуд, он кӯшиши буридани як хатти маърифат буд. Вале таърих ҳамеша ба фармони зӯр итоат намекунад. Баъзан он чӣ дар зоҳир хомӯш карда мешавад, дар ботин бештар садо медиҳад. Номи Нисор Муҳаммад низ чунин буд: муддате зери соя монд, аммо аз хотираи аслии миллат берун нарафт. Зеро коре, ки ба китоб, мактаб, забон ва худшиносӣ пайванд дорад, ҳатто пас аз шикасти ҷисмонӣ идома меёбад.

Фоҷиаи соли 1937 ба мо меомузад, ки давлатсозӣ танҳо таърихи пирӯзиҳо нест, таърихи захмҳо низ ҳаст. Миллате, ки фарзандони захмхурдаи худро мешиносад, онҳоро ба нафрат табдил намедиҳад, балки ба ҳушёрӣ, масъулият ва эҳтироми хотираи таърихӣ табдил медиҳад. Ба ҳамин маънӣ, ёдоварӣ аз Нисор Муҳаммад танҳо амали таърихнигорӣ нест, ин тарбияи ахлоқи миллӣ аст, ки авҷи аълояшро аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омухт.

Моҳи майи соли 2026 боз як воқеаи рамзӣ ба хотираи Нисор Муҳаммад маънои нав бахшид: бо ташаббус ва эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли дафни ӯ ва дигар фарзандони номдори миллат дар Москва хоки рамзӣ қабул гардида, ба Тоҷикистон оварда шуд. Ин амал танҳо маросими расмӣ набуд. Он гӯё гуфтугӯи дермондаи Ватан бо фарзандони худ буд, посухе буд ба сукуте, ки даҳсолаҳо тӯл кашид.

Дар оромгоҳи Лучоб гузоштани ин хок рамзи пайвастани гузаштаи фоҷиабор бо имрӯзи худогоҳ аст. Лучоб дар чунин лаҳзаҳо танҳо макони оромиш нест, балки матни зиндаи хотираи миллӣ  мебошад. Он ҷо сангҳо сухан мегӯянд, номҳо ба наслҳо муроҷиат мекунанд ва таърих аз шакли китоб берун омада, ба эҳсоси ҷамъиятӣ мубаддал мешавад. Барои Нисор Муҳаммад, ки умраш дар роҳҳои дур, дар муҳоҷират, дар сохтани мактаб ва дар гирдоби сиёсат гузашт, ин бозгашти рамзӣ маънои оромии деррасро дорад.

Бозгашти хок, дар асл, бозгашти маъност. Ҷисм шояд дар таърих осебпазир бошад, аммо маъно - агар ба хидмати мардум пайванд дошта бошад - дер ё зуд ба соҳибони худ бармегардад. Нисор Муҳаммад ба Ватан на ҳамчун як ёдгории хомӯш, балки ҳамчун саволи зинда баргашт: мо бо маориф чӣ мекунем, бо хотира чӣ гуна муносибат дорем, номи бунёдгузоронро чӣ тавр ба нерӯи тарбиявии наслҳои нав табдил медиҳем?

Имрӯз, вақте Тоҷикистон дар бораи рушди инсонӣ, рақамикунонӣ, сифати таҳсилот ва рақобатпазирии кадрҳо сухан мегӯяд, таҷрибаи Нисор Муҳаммад аҳаммияти нав пайдо мекунад. Ӯ ба мо нишон медиҳад, ки ҳеҷ ислоҳоти бузург бе маориф реша намегирад. Агар мактаб қавӣ набошад, идора заиф мешавад, агар китоб камқадр шавад, андеша танг мегардад, агар омӯзгор эҳтиром наёбад, оянда аз дохил камқувват мешавад.

Нисор Муҳаммад барои замони мо на танҳо як чеҳраи таърихист, балки як меъёри муносибат ба маориф аст. Аз зиндагии ӯ метавон се дарс гирифт. Аввал: маърифат кори дуюмдараҷа нест, балки асоси давлатдории солим аст. Дуюм: кадрсозӣ бояд бо дурбинӣ анҷом ёбад, зеро самараи он на имрӯз, балки баъди солҳои зиёд бармегардад. Сеюм: хотираи миллӣ вақте зинда мемонад, ки номҳои бузург ба шиор табдил наёбанд, балки ба намунаи амал, масъулият ва фарҳанги хизмат табдил дода шаванд.

Кӯчае дар Душанбе, ки номи Нисор Муҳаммадро дорад ва бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он воқеъ аст, худ як ишораи зебои таърихист. Ном дар ҷойи худ нишастааст: марде, ки барои мактаб ва китоб хидмат кард, имрӯз низ ба даргоҳи маориф роҳ нишон медиҳад. Ҳар нафаре, ки аз он кӯча мегузарад, агар лаҳзае ба маънои ном таваҷҷуҳ кунад, хоҳад фаҳмид, ки таърих на дар осорхонаҳо маҳкам аст, балки дар шаҳр, дар роҳ, дар номи кӯчаҳо ва дар интихоби рӯзмарраи мо зиндагӣ мекунад.

Нисор Муҳаммад аз он чеҳраҳоест, ки бузургии онҳо дар баландии мансаб не, дар самти ҳаракаташон ошкор мешавад. Ӯ ба сӯи маърифат ҳаракат кард. Ба сӯи китоб. Ба сӯи мактаб. Ба сӯи ҷомеае, ки бояд худро бишносад ва фарзандони худро барои идораи тақдираш омода созад. Ин гуна ҳаракатҳо, ҳарчанд дар замони худ пурмашаққат бошанд, баъдтар ба сармояи маънавии миллат табдил меёбанд.

Дар зиндагии ӯ ранги фоҷиа ҳаст, вале фоҷиа тамоми маънои ӯро фаро намегирад. Баръакс, фоҷиа рӯшноии кори ӯро равшантар мекунад. Зеро инсоне, ки дар муҳити ноором, бо имкониятҳои маҳдуд, барои китобу мактаб ва худшиносии миллӣ заҳмат кашидааст, аз ҳудуди як умр берун меравад. Ӯ ба як нишонаи ахлоқӣ табдил меёбад: нишонаи он ки хизмат ба миллат ҳамеша бо овози баланд нест, гоҳе бо дафтари дарсӣ, бо ташкили мактаб, бо фиристодани донишҷӯ ба роҳи илм ва бо бовар ба ояндаи мардум анҷом меёбад.

Аз ҳамин ҷост, ки номи Нисор Муҳаммадро бояд на танҳо ба хотир овард, балки хондан, фаҳмидан ва ба забони имрӯз тарҷума кардан лозим аст. Барои донишҷӯ - ӯ намунаи ҷасорати фикрӣ аст; барои омӯзгор - намунаи садоқат ба маърифат; барои ходими давлатӣ - ёдрас кардани он ки давлатдории ҳақиқӣ аз тарбияи инсон оғоз меёбад; барои ҷомеа - далели он ки хотираи миллӣ бе адолат, бе эҳтиром ва бе шинохти чеҳраҳои худ комил намешавад.

Нисор Муҳаммад рӯшноие буд, ки мехост ба дасти дигарон низ чароғ диҳад. Солҳои тӯлонӣ бодҳои сахти таърих алорағми ин чароғ вазиданд, аммо онро хомӯш карда натавонистанд. Имрӯз, вақте номи ӯ бо эҳтиром ба забон меояд, мо танҳо гузаштаро гиромӣ намедорем, балки ба оянда ишора мекунем. Зеро миллате, ки маърифатпарварони худро мешиносад, роҳаш ҳамеша равшану пурнур аст.

Бобошоҳзода Муҳаммадшариф - сармутахассиси
шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссия

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org