Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон кайҳо маъруфу машҳур гаштааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон гардидани «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ (2025–2034) аз ҷумлаи ташаббусҳои глобалии Сарвари кишвари мо мебошанд. Ҳамаи ин ташаббусҳо аз ҷониби ағлаби мамлакатҳо ҷонибдории амиқ пайдо карда, мавриди амал қарор гирифтаанд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буда, аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва барои ҳавасмандгардонии олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об саҳми назаррас мегузоранд, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар назари аввал, чунин менамояд, ки ин санад ба таъсиси як ҷоизаи нав дар самти об ҷиҳати истифодаи самараноки об ва беҳдошти муҳити зист, зиндагии шоистаи одамон дар арсаи байналмилалӣ иртибот дорад. Аммо, чун дақиқтару амиқтар фурӯ равем дарк мекунем, ки моҳияти он бисёр фарохтар аст. Ин ташаббус дар худ чанд ҳадафи муҳими сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маънавиро муттаҳид месозад. Таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар фазои сиёсии ҷаҳон, ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт, ҳифзи пиряхҳо, ҳавасмандсозии таҳқиқоту пешниҳодоти нав дар соҳаи обу экология ва муаррифии саҳми тамаддуни тоҷикон дар рушди маърифати башарӣ аз ҳадафҳои муҳиму созандаи ташаббуси мазкур мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша, аз минбарҳои бонуфуз баромад карда, пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон танҳо барои мардуми кишвари мо набуда, балки ба манфиати аҳли башар равона гардидааст ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдоштро дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ фаро мегиранд.
Таҳқиқу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об ва пиряхҳо, хусусан оби тоза, дар ҷаҳон таҳти таъсири ҷиддии таҳдидҳои гуногун, аз қабили гармшавии бесобиқа, тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, шаҳрнишинӣ ва рушди босуръати саноат сол ба сол мураккаб мегардад. Ба болои ин мушкилот бепарвоию бетафовутии инсоният нисбат ба муҳити зист чунин таҳдидҳоро меафзояд.
Бо дарки аҳамияти ҷаҳонии масъала, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи тамоми мавҷудоти зинда ва неруи тавонои ваҳдатофарини мардуми ҷаҳон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки: «Тоҷикистон бо вуҷуди доро будан ба захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо, ба масъалаҳои вобаста ба об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзуи захираҳои об ва истифодаи оқилонаву устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатии мо маҳсуб меёбад».
Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо на танҳо саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ менамояд, балки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Ин аст, ки мардуми Тоҷикистон муҳиму зарурӣ будани мушкилоти мазкурро дарк намуда, дар татбиқи ин ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат саҳми босазо мегузоранд.
Яке аз мушкилоти мураккаб, печида ва ҳалталаби экологӣ, ки ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар кураи замин таъсири манфӣ расонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеа эҷод менамояд, тағйирёбии глобалии иқлим мебошад. Ҳарчанд таъсири манфии ин равандҳо ҳам ҷанбаҳои фаъолият ва ҳам инфрасохторҳои мавҷударо дар тамоми гӯшаю канори сайёра фаро гирифта, ба зиндагии шоиста монеа эҷод мекунад, вале таъсири онҳо ба захираҳои об аз ҳама бештар зоҳир мегардад.
Дар ин раванд таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари калидӣ дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Ҳамзамон бо ин, таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии соҳавиро ҷиҳати таҳкими омузиши масъалаҳои марбут ба об бештар гардонида, раванди мубодилаи технологияҳо ва ҷалби сармоягузориро барои ҳифзи пиряхҳо ва дастрасӣ ба оби тоза таҳким мебахшад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об табдил ёфтааст. Ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об боз як иқдоми муҳим дар самти таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ба ҳисоб меравад.
Дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои оби тоза ва зарурати истифодаи оқилонаи онҳо, чунин ҷоиза метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ин ташаббус ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба аҳамияти захираҳои об ва ҷалби донишмандону муҳаққиқон ба омузишу ҳалли мушкилоти марбут ба об мусоидат хоҳад намуд.
Бобошоҳзода Муҳаммадшариф - сармутахассиси
шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссия

