Previous Next

Изҳори ҳамдардии неруи илмии кишвар, раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Субҳи рӯзи 17-уми июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.

Марги фоҷиавии фарзанди фарзонаи миллат, роҳбару сарвар, созандаву ободкор, муваффақу хоксор, кадри вафодору содиқ ба касб Алишер Мирзонабот кулли мардуми ҷумҳуриро андуҳгин намуд. 

Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум бо дарду андуҳи амиқ аз ӯ ёд мекунанд ва ба пайвандону наздикон изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Ин ҳама нишонаи муҳаббат ва эҳтироми мардум ба ӯ ва хизматхои ӯст.

       Ёди ин роҳбари муваффақ, ватандӯст, содиқ, дар қалби мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

      Неруи илмии кишвар, раёсати Комисияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамдардии амиқи худро ба пайвандони марҳум баён намуда, ба онҳо сабри ҷамилу таҳаммул хоҳон аст. Руҳи марҳум шоду манзили охираташ обод  ва ёдашон ҷовидон бод.   

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org