Previous Next

ИЗҲОРИ СИПОСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҲИКМАТ» БА КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Рӯзи 22-юми июни соли 2026 ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»-и Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо Сипоснома ва унвони фахрии «Дастаи беҳтарин» қадрдонӣ карда шуд.

Дастаи футболбозони мо ин унвони баландро дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ба даст овард. Ин мусобиқа миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони вазорату идораҳои ноҳия баргузор гардида, ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Рӯйдоди мазкур дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки устувории дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумро тавассути варзиш таҷассум мекунад, ба дастаи мо илҳоми дучанд бахшид.

Вобаста ба ин рӯйдоди фараҳбахш, аҳли муассиса ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Ҳикмат» ба роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хусусан ба Раиси кумита муҳтарам У. Қурбонзода, барои ташкили хуби ин мусобиқаи варзишӣ ва таваҷҷуҳу эътирофи заҳматҳои дастаи мо миннатдории самимии худро изҳор мекунанд.

Чунин ташаббусҳои созанда барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстии кормандони соҳаҳои гуногун ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа, бавижа дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ, хеле арзишманд мебошанд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат» минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки дар канори фаъолияти илмиву касбӣ, дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар фаъол бошад ва дар рушди Тоҷикистони маҳбубамон саҳми худро гузорад.

 

Бо эҳтиром ва сипоси бепоён,
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»-и Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org