Пояндагии давлат аз ваҳдат аст

        27-июни соли равон аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ наҷот дода, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварро таъмин кард, 29 сол сипарӣ мегардад.

       Бистунуҳ соле, ки моро ба сӯи муваффақияту созандагиҳо ва бунёдкорию ободкориҳо раҳнамун кардааст.

       Бистунуҳ соле, ки мардуми мо бидуни тарсу ҳарос дар ватани аҷдодии хеш ба сар мебарад.

       Бисту нуҳ  сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ орому осуда кору пайкор дорем. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо самимияти амиқ дарк намуд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад. Дарёфт, ки танҳо ваҳдати миллӣ мардуми моро ба мақсуд ва муроди хеш мерасонад. Аз ин рӯ, онро азизу муқаддас дониста, дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ ҳамасола онро бо тантана таҷлил менамояд.

      Бисёр рамзист, ки соли равон Рӯзи ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад.

      Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем.

      Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқуъ пайваст, даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони мо дар дохилу хориҷи мамлакат ба гуреза табдил ёфтанд.

      Ҷанги таҳмилии хонумонсӯз, ки миллатро хору зор намуд, бо таъсири қувваҳои бадхоҳ ва гумроҳии як идда ҳамватанони хиёнаткору ҳуввиятбохтаамон сар зад, рушду ташаккули миллат ва пешрафти соҳаҳои муҳими давлатро солҳо ба қафо партофт. Ана дар ҳамон шароити душвор ва хатарбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз диданаш дилҳо реш-реш мегашт, аҳамият ва зарурияти мавҷудияти Ваҳдати миллӣ барои халқ орзуву ормони асосӣ маҳсуб меёфт. Дар он шароит барои мардуми мо гушнавозу руҳафзо аз ваҳдату иттиҳод ва якдилӣ дида дигар иборае вуҷуд надошт. Аммо расидан ба он басо мушкилу гарон буд.

       Агарчи таъмини Ваҳдати миллӣ дар он шабу рӯзҳои мушкилу вазнин  кори бисёр душвор ва ҳатто ғайриимкон ба назар мерасид, вале он ягона роҳи бақои давлат ва умед ба ояндаи нек арзёбӣ мегардиду дигар роҳи алтернативӣ надошт. Ҳарчанд ки мардум аз ҷанги бемаънӣ хаста шуда, хостори зиндагии орому осуда ва шоиста буданду баҳри он талош мекарданд, вале ашхосу гурӯҳҳои муайян баҳри манфиати худу хоҷагонашон ба ҳар роҳу восита ба оташи ҷанг равған мепошиданд. Аз ин рӯ, масиру самт ва тай кардани роҳ барои расидан ба ин ҳадаф бисёр хатарбор шуда буд. Ба ҳам овардани тарафҳои даргир, маълуму маҳв кардани неруҳои пасипардагии бегона ва таъмин намудани Ваҳдати миллӣ дар кишвар амал ва корнамоиву шуҷоати рустамонаро талаб мекард.

       Дар он солҳои даҳшатбор хатари аз ҳама ваҳим эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон буд. Ин гуфтаҳо шояд имрӯзҳо афсона намояд, вале сад афсус, ки дар он шабу рӯз ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат табдил ёфта буд.

       Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳануз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шурои Олии кишвар оғоз гардида буд. Ин рӯйдоди таърихӣ, ки аз рӯзҳои аввали ин иҷлосия тариқи телевизион ва радио мустақиман пахш мешуд, ба дили одамон як шуълаи умедворкунанда ворид кард.

       Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи воқеан таърихӣ дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд. Гуфтушунидҳои тулонӣ барои сулҳ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфтанд.    

      Ҳар воқеаву ҳодисае, ки рух медиҳад барои ҳар миллат сабақи таърихӣ мебошад. Воқеаҳои хунини солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати мо яке аз ҳамин гуна имтиҳон ва сабақи таърихӣ аст. Акнун вазифаи имрӯзиён аст, ки ин сабақ на танҳо фаромӯш нашавад, балки ба ояндагон талқин гардад, то ки онҳо ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Барои бохабар шудан аз арзиши воқеии Ваҳдати миллӣ он рӯзҳои сахту сиёҳро, ки кишвар дар оташи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ месухт ва миллат дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, бояд ҳеҷ гоҳ  аз ёд набарорем. Ҳануз даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, ки харобӣ, вайрону валангор шудани шаҳру деҳот, марги одамони бегуноҳ, ятим мондани кӯдакон, гуреза шудани мардум, фақр, нодорӣ, қаҳтӣ, таназзули иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва дар умум фоҷиаи ҳаёти инсониро дар пай дошт, аз хотираву зеҳни мардуми мо  зудуда нагардидааст.   

      Бо талошҳо, ҷонбозиҳо, қаҳрамониву фидокорӣ, мардонагию ҷасорат ва иродаву матонати абармарди замон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид.

       Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.

       Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

       Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ, ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

      Аҳаммияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.   

      Тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

       Дарвоқеъ, имрӯз Ваҳдати миллӣ танҳо иттиҳоди одамон набуда, фаротар аз мафҳуму маънои хеш вусъат пайдо кардааст. Яъне, ҳоло Ваҳдати миллӣ нафақат сулҳу суботу оромию ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, балки худшиносиву ҳувиятгароӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва қудрату тавоноии миллатро таҷассум мекунад.

       Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас аст ва мову шумо-фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки зуҳуроте, нохалафе, сияҳкоре сулҳу ваҳдати моро халалдор созаду модари тоҷикро бори дигар мотамзадаю ғамгин гардонад.

      Агар мо хоҳем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойгоҳи сазовори хешро тақвият диҳем ва  ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу мутамаддин шиносанд, пас мебояд иттиҳоду Ваҳдати миллиро гиромӣ донем ва сулҳу суботро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

       Ҳоло, ки мо дар давраи омодагӣ ба таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ қарор дорем, бояд тамоми имконияту неру ва саъю талоши худро ба он равона созем, ки ин ҷашни муқаддасу бузурги миллиамонро дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои сазовор истиқбол гирем.

Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, 
сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии КОА

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org