Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти илмӣ ва татбиқи принсипҳои байналмилалии ахлоқи нашриявӣ, мунтазам мониторинги мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда нашршударо ба роҳ мондааст.
Дар натиҷаи санҷиши навбатӣ ҳолати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқи илмӣ ва нашриявӣ ошкор гардид. Муайян карда шуд, ки мақолаи илмии муаллифон Маҳмудзода Азиза Маннон ва Умаров Мақсудҷон Файзуллоевич таҳти унвони «Спектры вторичного излучения фармацевтических препаратов», ки дар маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (силсилаи илмҳои табиӣ), №1, соли 2026 ба нашр расидааст, бо риоя нагардидани талаботи ахлоқи академикӣ омода ва интишор шудааст.
Таҳлили муқоисавии муҳтавои мақола нишон дод, ки қисмҳои асосии матн, ҷадвалҳо, нақшаи таҷҳизоти таҷрибавӣ ва маводи графикӣ аз корҳои илмии қаблан интишоршудаи муҳаққиқони дигар (Воинов Ю.П., Горелик В.С., Умаров М.Ф. ва Морозова С.В. Разностная флуоресцентная спектроскопия структуры и состава биоактивных препаратов/ Краткие сообщения по физике ФИАН, №11, с. 13–19) истифода гардида, ба манбаи аслӣ истиноди зарурӣ дода нашудааст. Ҳамчунин, иддаои мавҷудияти навоварии илмӣ ва бори аввал анҷом дода шудани таҳқиқот бо далелҳои экспертиза тасдиқ нагардид.
Бо ин назардошт Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки мақолаи мазкур бозхонд ва аз захираҳои электронии маҷалла ва пойгоҳи иттилоотӣ хориҷ карда шавад.
Бозхонди мақолаи илмӣ яке аз воситаҳои ҳифзи эътимоднокии адабиёти илмӣ мебошад ва ҳадафи он нигоҳ доштани фазои солими илмӣ, пешгирии паҳншавии маълумоти ғайрибоэътимод ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифон аст. Ин раванд мутобиқи тавсияҳои COPE танҳо баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи мавод, хулосаи экспертӣ ва қабули қарори дахлдор амалӣ карда мешавад.
Дар ин росто, Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳаққиқон ва довталабони дараҷаҳои илмӣ даъват ба амал меорад, ки ҳангоми омода намудани мақолаҳои илмӣ талаботи ахлоқи илмиро қатъиян риоя намоянд.

