Previous Next

ХОНИШИ ИДОРАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

26-уми июни соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ хониши идоравӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – омили муҳим дар рушди ҷомеа» бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода оғоз гардид. Қайд карданд, ки  Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, таҷассумгари пирӯзии хиради сиёсӣ, иродаи қавии миллат ва фарҳанги сулҳпарварии тоҷикон мебошад. Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии мардуми кишвар сулҳу субот барқарор гардида, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад. Имрӯз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф ва фарҳанг маҳз самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Комиссияи олии аттестатсионӣ низ фаъолияти худро дар фазои орому созанда ба роҳ монда, дар самти рушди иқтидори илмӣ, такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ саҳми арзанда мегузорад.

Дар идома намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов дар мавзуи «Аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баромад намуда, аҳамияти таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои давлату миллат мавриди таҳлил қарор дод. Таъкид намуд, ки маҳз татбиқи пайгиронаи ин санади муҳими сиёсӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарорсозии эътимоди ҷомеа ва муттаҳид намудани мардуми кишвар мусоидат намуд.

Сипас Зикиров Хурсандқул дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси сулҳу суботи Тоҷикистон» маъруза намуда, нақши ваҳдати миллиро дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди устувори ҷомеа ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Қайд намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст ва ташаббускори масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми арзанда дошта, ҳамаи ин дастовардҳо маҳсули сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ минбаъд низ бо фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаи худ дар рушди илм, таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат саҳми босазои худро мегузорад.

Чорабинии мазкур дар фазои самимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷамъбаст гардид.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org