Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ва дипломатии сатҳи байналмилалӣ ба шумор меравад. Дастгирии ин ташаббус аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки сиёсати сулҳпарварона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, иқдомҳои байналмилалии он ҳамчун воситаи муассири таҳкими ҳамкорӣ ва суботи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешаванд.
Қатъномаи қабулшуда ба принсипҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, аҳаммияти муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳоро ҳамчун заминаи асосии таъмини сулҳу суботи пойдор таъкид менамояд. Дар баробари ин, санад зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва густариши ҳамкории созандаро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун омили муҳимми рушди устувор арзёбӣ мекунад.
Тибқи қатъномаи мазкур солҳои 2027–2036 расман Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон гардидаанд. Ҳадафи асосии ин ташаббус ташаккули заминаҳои устувори сулҳ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, рушди муколама ва мусолиҳа, инчунин ҷалби фаъолонаи намояндагони тамоми наслҳо ба пешбурди сиёсати сулҳ мебошад. Дар ин раванд манфиатҳои наслҳои оянда ҳамчун яке аз меъёрҳои муҳимми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми қатънома эътирофи таҷрибаи давлатҳое мебошад, ки тавассути сиёсати оқилона, таҳкими эътимод, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии баъдинизоъӣ ба сулҳу суботи устувор ноил шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҷумлаи чунин кишварҳо ба ҳисоб меравад. Пас аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро пеш гирифт. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ташаббуси нави байналмилалии Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва созандаи давлат мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳои байналмилалиро дар самти масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва дигар масъалаҳои умумибашарӣ ироа намуда, онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо карданд. Қабули қатъномаи навбатӣ дар самти таҳкими сулҳ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалӣ соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Ин чорабинии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои муҳимми сулҳ, рушди ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи беҳтарин миёни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдом на танҳо нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро таҳким мебахшад, балки барои густариши фарҳанги сулҳ, рушди илм, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарбияи насли ояндаи муҳаққиқону мутахассисони соҳибкасб низ заминаи устувор фароҳам меорад. Барои ҷомеаи илмии кишвар ин ташаббус имконияти нав мебошад, то бо неруи дониш, таҳқиқот ва ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

