8-уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафарализода Хуҷамурод сармутахссиси Раёсати маориф фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия, саркотиби илмии Комиссия, аъзои Раёсати Комиссия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссия доир ба фаъолияти Комиссия, ҷиҳати пешбарии соҳаи аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ, ташкили махзани ягонаи мавзуъҳои илмӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, дархостҳо оид ба додани унвонҳои илмӣ, импакт-фактори маҷаллаҳои тақризшаванда, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ, ҳимояи диссертатсияҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, мансабдорони давлатӣ ва дигар масоили марбут ба аттестатсия андешаронӣ намуданд.
Сипас, аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма аз ҷумла, Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, Садои мардум, Радиои Ховар, Азия-Плюс, радиои “Садои Душанбе, радиои “Фарҳанг” радиои “Тоҷикистон” телевизиони “Баҳористон”, телевизиони “Илм ва табиат”, радиои “Овози тоҷик”, маҷалллаи “Илм ва ҳаёт” ва дигар хабарнигорон саволҳои мубрам пешниҳод карда шуд. Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби васоити ахбори омма ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ мустақиман низ пахш гардид.

