Санаи 9- уми июли соли 2026 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссия, Сайфиддин Давлатзода, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, муовини раиси Комиссия, саркотиби илмӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои Комиссия, раисони шуроҳои экспертӣ ва раисони шуроҳои диссертатсионӣ, ҷаласаи ҷамъбастии Комиссия вобаста ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Ҳамзамон, тариқи маҷозӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ низ ба ҷаласа пайваст шуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи раиси Комиссия тариқи рунамо ба ҳозирон ироа гардида, доир ба фаъолият, дастовардҳои илмӣ ва дигар мавзуҳои мубрами аттестатсияи илм маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Зикр гардид, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ояндаи наздик ҷиҳати муайян намудани дурнамои рушди фаъолият, фароҳам овардани имконияту шароити зарурӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмии шуроҳои диссертатсионии амалкунанда, такмили сифати корҳои илмӣ, таъмини шаффофият ва мутобиқ намудани низоми аттестатсияи илмӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад кард.
Қайд гардид, ки Комиссия дар соли 2026 вобаста ба имкониятҳо ва мубрамияти масъалаҳо ҳаллу фасли вазифаҳои зеринро ба нақша гирифтааст:
- баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин шурои диссертатсионӣ», «Беҳтарин диссертатсия» ва «Беҳтарин маҷаллаи илмии тақризшаванда» бо мақсади баланд бардоштани сифати фаъолияти илмӣ ва ҳавасмандгардонии муҳаққиқон;
- такмили низоми фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва экспертизаи диссертатсияҳо дар асоси меъёрҳои муосири баҳогузорӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам;
- ташкили махзани ягонаи электронии маҳсули зеҳнии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи механизми рақамии нигоҳдорӣ, коркард ва дастрасии маълумоти илмӣ;
- чораҷӯӣ барои ҷудо гардидани бинои мутобиқ ба талаботи муосир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандон ва баргузории ҷаласаҳои расмӣ;
- таҳкими корҳои иттилоотию тавзеҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият ва дастрасии маълумот дар бораи фаъолияти Комиссия тавассути сомонаи расмӣ;
Инчунин, барои боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти корҳои илмӣ таҳқиқотӣ аз ҷониби намояндагони шуроҳои экспертӣ ва диссертатсионӣ, инчунин Сайдулло Қувватзода тавсияҳои муфид дода шуд.

