Previous Next

МУАРРИФИИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

10 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими муаррифии шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои Забони тоҷикӣ, Назарияи забон, Химияи органикӣ, Химияи тиббӣ, Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик), Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои Комиссия, роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои мазкур дар самти рушди илми ватанӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ аҳамияти махсус дорад.

Зикр шуд, ки фаъолияти чунин шуроҳо барои густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ заминаи мусоидро барои ҳамкории бештари муҳаққиқон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амал фароҳам меорад.

Дар интиҳо таъкид шуд, ки таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои Забони тоҷикӣ, Назарияи забон, Химияи органикӣ, Химияи тиббӣ, Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) ва Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори илмии кишвар, рушди таҳқиқоти муосир ва омода намудани муҳаққиқони ҷавон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди илму маорифи кишвар заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org