Таваҷҷуҳ! Шумораи маҷалла саривақт бояд дар сомона ҷойгир шавад

 

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки тибқи талаботи сархати чоруми банди 40-и Тартиби баҳисобгирӣ ва ворид намудани маҷаллаи илмӣ ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, ки бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2026, №2 тасдиқ шудааст, идораи нашрия вазифадор аст, ки шумораи маҷалларо сари вақт дар сомонаи расмии он ҷойгир намояд.

Мутаассифона, таҳлил нишон дод, ки шумораи №2-и соли 2026-ро як қатор маҷаллаҳои илмӣ то ба ҳол дар сомонаи расмӣ ҷойгир карда нашудааст. (рӯйхат дар замима)

Сари вақт нашр ва дар сомонаи расмӣ ҷойгир намудани шумораи маҷаллаҳои илмӣ яке аз талаботи муҳим маҳсуб ёфта, ба таъмини шаффофият, дастрасии озод ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва риояи меъёрҳои фаъолияти нашрияҳои илмӣ мусоидат менамояд. Риоя накардани ин талаботи болозикр метавонад ба арзёбии фаъолияти маҷалла, инчунин, ба раванди минбаъдаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникӣ тахассуси олӣ таъсири манфӣ расонад.

Бо дарназардошти ин, аз идораҳои нашрияи дар рӯйхат замимашуда талаб карда мешавад, ки шумораи дуюми маҷаллаҳои илмии худро барои соли 2026 то 20 июли соли 2026 дар сомонаи расмии маҷалла ва пойгоҳи иттилоотии eLIBRARY.RU ҷойгир намуда, ҳамзамон, нусхаҳои чопии онро ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирандагони ҳатмии маҷалла мутобиқи талаботи амалкунанда дастрас намоянд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи болозикр маҷалла аз Феҳрист хориҷ карда мешавад.

 

 

 

Рӯйхати маҷаллаҳое, ки шумораи №2-и соли 2026-ро то имрӯз (14.07.2026) дар сомонаи расмӣ ҷойгир накардаанд

Номи маҷалла

Муассиса

ISSN

Cомона

Сомонаи расмии маҷалла

Elibrary 2026

1.       

Ахбори АМИТ

Шуъбаи илмҳои биология ва тиббӣ АМИТ

2791-0717

+

-

-

2.       

Гузоришҳои АМИТ

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2791-1489

+

-

-

3.       

Ахбори АМИТ

Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ

2791-2337

+

-

-

4.       

Кишоварз

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

2074-5435

+

-

-

5.       

Паёми Донишгоҳи забонҳо

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

2226-9355

+

-

-

6.       

Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав (Силсилаи илмҳои табиӣ)

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав

2663-6417

+

-

-

7.       

Илм ва амният

Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2959-6408

+

-

-

8.       

Модару кӯдак

Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

2618-8430

+

-

-

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org