ТАВЗЕҲОТИ МЕТОДОЛОГӢ доир ба «Нуктаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда» дар диссертатсия ва автореферати диссертатсия

Мутобиқи талаботи банди 13.13 Дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия ва дигар маводди илмӣ, бахши «Нуктаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда» яке аз муҳимтарин унсурҳои сохтории диссертатсия ва автореферати он маҳсуб меёбад. Маҳз, дар ҳамин бахш натиҷаҳои асосии илмии таҳқиқоти анҷомёфта, ки навгонии илмӣ, аҳаммияти назариявӣ ва амалии онҳо бо далелҳои илмӣ исбот гардидааст, барои ҳимояи оммавӣ пешниҳод мешаванд.

Аз нуқтаи назари методологияи таҳқиқоти илмӣ, ҳар як нуктаи ба ҳимоя пешниҳодшаванда бояд хусусиятҳои зеринро доро бошад:

- натиҷаи нави илмии аз ҷиҳати назариявӣ ва амалан асоснокшуда ва тасдиқиро ифода намояд;

- дар асоси далелҳо, таҳлилҳои илмӣ, таҳқиқоти назариявӣ, натиҷаҳои таҷрибавӣ ё дигар усулҳои эътирофшудаи илмӣ исбот гардида бошад;

- саҳми шахсии муаллифро дар ҳалли масъалаи илмии мавриди таҳқиқ инъикос намояд;

- арзиши амалии натиҷаи илмии таҳқиқотро дақиқ нишон диҳад;

- бо муҳтавои бобҳо, зербобҳо, хулосаҳои диссертатсия ва натиҷаҳои илмӣ мутобиқат дошта бошад.

Бо дарназардошти эътирофи арзиши илмии диссертатсия дар хориҷи кишвар тавсия дода мешавад, ки нуктаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда бо истифода аз ибораҳои тасдиқии илмӣ оғоз карда шаванд, аз ҷумла: «исбот карда шудааст, ки...», «муқаррар карда шудааст, ки...», «муайян карда шудааст, ки...», «асоснок карда шудааст, ки...», «ошкор гардидааст, ки...», «таҳия гардидааст...», «собит шудааст...», «такмил дода шудааст...», «консепсияи илмӣ пешниҳод гардидааст...», «модели илмӣ таҳия шудааст...» ва ғ.

Дар ин робита, бахши «Нуктаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда» бояд маҷмуи муқаррароти мустақили илмӣ бошад, ки онҳо бо далелҳои назариявӣ ва амалии дар матни диссертатсия овардашуда пурра асоснок гардидаанд. Маҳз чунин равиш ба таъмини ягонагии методологии таҳияи диссертатсияҳо, баланд бардоштани сифати экспертизаи илмӣ, муайян намудани саҳми воқеии довталаб ва мутобиқ намудани таҳқиқоти диссертатсионӣ ба талаботи муосири илм (ватанӣ ва хориҷӣ) мусоидат менамояд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org