Ба таваҷҷуҳи довталабони унвонҳои илмӣ, муҳаққиқон, омӯзгорон ва муаллифон расонда мешавад, ки риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ноширӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва тартиби расмии интишори асарҳои илмӣ шарти асосии арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-методӣ мебошад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, №239 нашриёт ва чопхонаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, уҳдадоранд китобҳо ва дигар маҳсулоти чопиро танҳо баъд аз гирифтани Рақами байналмилалии стандартии китоб (ISBN) аз Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – «Хонаи китоби Тоҷикистон» ба нашр расонанд. Нашри ҳар гуна маводи илмӣ, таълимӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ бе гирифтани рақами расмии ISBN хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таҳлили парвандаҳои аттестатсионӣ, нишон медиҳад, ки аз ҷониби баъзе довталабон ва шахсони масъул талаботи мазкур риоя намегардад.
Аз ҷумла:
- китобҳо, воситаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар маводди илмӣ бе рақами ISBN ё бо рақамҳои сохта, беэътибор ё ба нашрияҳои хориҷӣ тааллуқдошта пешниҳод мешаванд;
- як рақами ягонаи ISBN барои интишори якчанд нашрияҳо истифода бурда мешавад, ки ин амал хилофи талаботи байналмилалии рақамгузории стандартии китоб мебошад;
- баъд аз ворид намудани тағйирот ба асар, аз ҷумла тағйири унвон, ҳайати муаллифон, мураттибон, муҳтаво, шумораи саҳифаҳо ва дигар маълумоти библиографӣ, рақами нави ISBN гирифта нашуда, бо рамзи қаблӣ нашр мешавад;
- ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи муаллиф, аз ҷумла рӯйбардории пурра ё қисман аз китобҳо, монографияҳо ва дастурҳои таълимию методии олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, инчунин, ҳамчун муаллиф ё ҳаммуаллиф нишон додани довталабон бидуни саҳми воқеии илмӣ ба мушоҳида мерасад.
- мушкилоти дигар, аз ҷониби довталабон ва муассисаҳои полиграфию ноширӣ интихоби нодурусти индексҳои Таснифоти даҳии универсалӣ (ТДУ, бо забони русӣ УДК) ва Таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ (ТКБ, бо забони русӣ ББК) мебошад. Довталабон ва ноширон бе машварати мутахассисони соҳаи китобдории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», аз стандартҳои китобдорие, ки дар ҳоли ҳозир мавриди амал қарор надоранд, ё ин ки аз сомонаҳое бар пояи ин стандартҳо таҳия шудааст истифода мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки истифодаи индексҳои нодуруст боиси сари вақт дарёфт нагардидани маводҳо дар махзанҳои китобхонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мегардад. Ин амал раванди баҳисобгирӣ ва таснифоти стандартии маводи илмиро вайрон намуда, дастрасии пажӯҳишгарони дохил ва хориҷро ба онҳо маҳдуд менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки риояи талаботи қонунгузории амалкунанда, нашр ва паҳн намудани китобҳо ва дигар маҳсулоти чопие, ки дар онҳо талаботи ҳатмии библиографӣ ва нашриявӣ, аз ҷумла мавҷудияти рақами ISBN ва ТКБ, рамзи библиографии нашрия, маълумоти пурраи нашр, рамзи нашриёт, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва дигар реквизитҳо бояд сабт гарданд.
Дар шароити рушди босуръати иқтисоди рақамӣ ва гузариш ба низомҳои муосири электронӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии аломатгузории рақамӣ дорои аҳамияти калидӣ мебошад. Истифодаи рамзҳои ягона, ба монанди European Article Number (EAN-ҳамчун аломати штрих-коди байналмилалӣ) дар китобу дастурҳои таълимӣ ва дигар маводҳои чопӣ, имконият медиҳад, ки раванди баҳисобгирӣ, мушаххассозӣ ва мубодилаи онҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ содда ва дақиқ гарданд.
Гузариш ба ҷомеаи рақамӣ шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмиву таълимиро ба таври назаррас афзун мегардонад. Фаъолияти сомонаи расмии Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» (https://www.khkt.tj/tj/) намунаи амалии ин раванд ба шумор меравад.
Сомонаи мазкур дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҷиҳати дарёфти маводи нашршуда ва дорои тавсифи библиографӣ хизмат намуда, дастрасии осонро ба онҳо дар раванди баррасии парвандаҳои аттестатсионии довталабони унвонҳои илмӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин, он барои истифодаи пойгоҳҳои муосири электронӣ ва технологияҳои рақамӣ дар санҷиши дурустӣ ва мутобиқати маводи чопии дар парвандаҳои аттестатсионии довталабон пешниҳодшуда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Комиссияи олии аттестатсионӣ аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, роҳбарони нашриётҳо, чопхонаҳо ва довталабони унвонҳои илмӣ, даъват ба амал меорад, ки зимни омода, нашр ва пешниҳоди асарҳои илмӣ ва таълимӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои байналмилалии фаъолияти ноширӣ, принсипҳои ҷории академӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифро риоя намоянд.
Аз ин рӯ, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки пеш аз ворид намудани маводи илмӣ ба феҳристи интишороти илмии хеш, тавсифи библиографии онро дар сомонаи «Хонаи китоби Тоҷикистон» муқоиса намуда, сипас ба Комиссия пешниҳод намоянд.

