Роҳандозии «Шабакаи машварати илмӣ»

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 28 феврали соли 2026, №101 татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ба наздикӣ платформаи нави рақамии «Шабакаи машварати илмӣ»-ро мавриди истифода қарор медиҳад.

Платформа бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ таҳия гардидааст.

«Шабакаи машварати илмӣ» барои котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмии шуроҳои олимон, шахсони масъули маҷаллаҳои илмӣ ва инчунин, дигар иштирокдорони низоми аттестатсияи илмӣ муҳити ягонаи расмӣ фароҳам меорад, то саволҳои худро мустақиман пешниҳод намуда, ҷавобҳои расмӣ ва тавзеҳоти мутахассисони Комиссия ва коршиносони соҳавиро дастрас намоянд.

Дар баробари ин, тавассути платформа хабарҳо, тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳо ва дигар маълумоти муҳими марбут ба фаъолияти аттестатсияи илмӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо мунтазам интишор мегардад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org