Санаи 11 августи соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестасионӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 12-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 нафар намояндагони ҷомеаи илмии кишвар аз ёдгории таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор дидан намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими робитаи ҷомеаи илмӣ бо таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон, арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид. Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ чунин иқдом аҳамияти хосса касб намуда, ифодагари пайванди ногусастании илму маърифат бо таъриху фарҳанги миллӣ ва арзишҳои давлатдории соҳибистиқлол мебошад.
Қалъаи Ҳисор ҳамчун яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихию фарҳангии кишвар дар шинохти таърихи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон мавқеи муҳим дорад. Ҳузури олимону муҳаққиқон дар ин мавзеъи таърихӣ имкон фароҳам меорад, ки арзиши мероси фарҳангӣ на танҳо аз нигоҳи маърифатӣ, балки дар заминаи таҳқиқоти илмӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Аз ин ҷиҳат баргузории чунин боздид барои ҷомеаи илмӣ дорои аҳамияти маърифатӣ ва тарбиявӣ мебошад. Омӯзиши мероси таърихӣ аз ҷониби олимон метавонад ба таҳкими таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва дигар самтҳои илмҳои гуманитарӣ мусоидат намояд.
Дар воқеъ ҳар як ёдгории таърихӣ барои муҳаққиқ сарчашмаи муҳими дониш ва таҳлил мебошад. Қалъаи Ҳисор низ ҳамчун мероси таърихӣ метавонад дар омӯзиши равандҳои давлатдорӣ, рушди шаҳрсозӣ, фарҳанг ва муносибатҳои иҷтимоии давраҳои гуногуни таърихӣ заминаи таҳқиқоти нав гардад.
Аз ин рӯ, баргузории боздиди ҷомеаи илмӣ аз Қалъаи Ҳисор дар арафаи 12-солагии Комиссияи олии аттестатсионӣ маънои рамзӣ низ дорад. Рушди илм бояд бо шинохти таърих, эҳтиром ба фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоҳанг бошад.
Ин чорабинӣ бори дигар таъкид менамояд, ки рушди илми миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ равандҳои ба ҳам пайванд мебошанд, зеро шинохти амиқи таърих ва фарҳанг барои таҳкими ҳуввияти миллӣ ва рушди ҷомеаи донишбунёд заминаи устувор фароҳам меорад.

