Устодон, олимон ва ходимони илмии кишвар
Ҳамкасбони азиз ва дӯстони арҷманд!
Бо як ҷаҳон ифтихор ва фараҳмандӣ тамоми кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, олимон, муҳаққиқон ва аҳли илму маорифи кишварро ба муносибати 12-солагии таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям.
Расо 12 сол муқаддам маҳз бо ибтикор ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тавсеаи илми кишвар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ин қадами таърихӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки соҳиби низоми мустақили аттестатсияи кадрҳои илмии худ гардад ва истиқлолияти илмии кишварро устувор намояд.
Тӯли 12 соли фаъолият, комиссия тавонист ба як ниҳоди боэътимоди санҷиш, арзёбӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ табдил ёбад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муҳити мусоиди илмӣ тадриҷан ташаккул ёфт. Имрӯз ҳазорҳо олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар фаъолият намуда, барои рушди давлат ва ҷомеа саҳм мегузоранд. Ба нишондиҳандаҳои оморӣ назар афканем, мебинем, ки шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ нисбат ба солҳои аввали истиқлол ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3210 нафар олим кору фаъолият мекард, пас ин теъдод имрӯз ба 6911 нафар расидааст. Синну соли миёнаи доктори илм ба 64, номзади илм ба 50 ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба 31 рост меояд. Аз 6911 нафар корманди дорои дараҷаи илмӣ 1034 нафар доктори илм, 5532 нафар номзади илм ва 345 нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Дар давраи фаъолияти комиссия шумораи кормандони илмӣ афзуда, айни ҳол ба сари 1000 нафар аҳолӣ 0,65 корманди илмӣ рост меояд. Ин раванд нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи давлат ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос пайваста зиёд мегардад.
Имрӯз дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии 104 шурои диссертатсионӣ фаъолият дошта, аз рӯйи 498 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро баррасӣ менамоянд.
Комиссия бо мақомоти аттестатсионии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ҳамкориҳои судмандро дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳои корӣ ба роҳ монда, вобаста ба таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, ҷалби олимони хориҷӣ ба ҳайси муқарризони расмӣ ва эксперти холис ҷиҳати баҳодиҳӣ ба диссертатсия ва нашри мутақобилаи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда тадбирҳои заруриро меандешад.
Имрӯз дар назди мо вазифаҳои боз ҳам масъулиятноктар меистанд. Мо кӯшиш менамоем, ки сифати корҳои илмӣ-тадқиқотиро боз ҳам баланд бардошта, робитаи илмро бо истеҳсолот мустаҳкам кунем, барои ҷалби бештари ҷавонони истеъдодманд ба соҳаи илм шароити мусоид фароҳам оварем.
Ҳамкасбони муҳтарам,
Дар ин рӯзи хотирмон ба ҳар кадоми шумо, ки дар рушди илми ватанӣ ва омода кардани кадрҳои илмӣ саҳми арзанда мегузоред, сиҳатмандии комил, хушбахтии оилавӣ, илҳоми эҷодӣ ва дар фаъолияти илмию ташкилиатон муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорам.

