Previous Next

Таҳкими Истиқлоли миллӣ ва рушди он дар замони муосир

Таҳти ҳамин унвон 12 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, масъалаҳои муҳимми марбут ба нақши истиқлоли давлатӣ дар рушди давлатдорӣ, ҷомеа, илм, маориф, фарҳанг, ҳуқуқ ва омодасозии кадрҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар кори семинар роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, олимону муҳаққиқон, докторону профессорон, раисон ва аъзои шуроҳои экспертӣ, шуроҳои диссертатсионӣ ва дигар муҳаққиқону донишмандон ширкат варзиданд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода оғоз намуда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар шароити муосир, рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии пешрафти давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад, ҷалб намуданд. Ҳамчунин, дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон, тақвияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ, риояи талаботи меъёрҳои илмӣ ва баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон, ҳамчун масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи илм арзёбӣ гардиданд.

Сипас, маърузаи мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, фарҳанг ва рушди ҷомеа шунида шуд, ки дар маъруза аҳамияти татбиқи сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа таъкид гардид.

Дар идомаи семинар Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар мавзуи «Илм — сарвати воқеӣ ва равшании фардои давлат» маъруза намуданд. Таъкид намуданд, нақши илм, яке аз масъала ва сармояҳои асосии зеҳнии давлат буда, пешрафти ҷомеаи муосирро бе рушди илму дониш, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, технологияҳои нав ва истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар маъруза ҳамчунин, зарурати баланд бардоштани масъулияти олимон дар таҳқиқи масъалаҳои муҳимми ҷомеа ва баланд бардоштани робитаи илм бо ниёзҳои воқеии кишвар таъкид карда шуд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар дар мавзуи «Илм ва рушди босуботи ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ» маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар маъруза ба масъалаи робитаи илм бо рушди босуботи ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, нақши донишҳои илмӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Таъкид намуданд, ки ҷомеаи донишбунёд ҷомеаест, ки дар он илм ба раванди қабули қарорҳо, таҳияи барномаҳои рушд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ ва иҷтимоӣ пайванди мустақим дорад. Дар чунин шароит тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури созанда ва малакаҳои таҳлилӣ аҳамияти хосса касб менамояд.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҷидзода Зоир Ҷурахон дар мавзуи «Дастовардҳои илмӣ ва рушди он дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Академияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар маъруза нақши муассисаи мазкур дар омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва такмили фаъолияти касбии мутахассисон таъкид гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқот дар фаъолияти амалӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи маъруза матраҳ шуданд.

Қайд гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ барои пешрафти илм заминаҳои мусоид фароҳам омада, зарурати истифодаи самараноки ин имкониятҳо рӯз то рӯз бештар мегардад. Дар ин раванд баланд бардоштани сифати таҳқиқот, пешгирии тақлид ва такрор дар корҳои илмӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот ва омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ аҳамияти махсус доранд. Маҳз тавассути рушди иқтидори илмӣ ва зеҳнӣ метавон ба масъалаҳои мураккаби замони муосир посухҳои илмӣ пайдо намуда, барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Дар бахши дигари семинар меҳмонон ва иштирокчиён суханронӣ намуда, андешаҳо ва пешниҳодҳои худро вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда баён карданд.

Дар интиҳо аъзои шуроҳои экспертӣ барои саҳми арзанда дар фаъолияти илмӣ, экспертизаи корҳои илмӣ, баррасии рисолаҳои илмӣ, мусоидат ба баланд бардоштани сифати корҳои диссертатсионӣ ва рушди низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ қадрдонӣ гардиданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳкими муҳити илмӣ, табодули афкору таҷриба, муайян намудани масъалаҳои мубрами таҳқиқот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо аҳамияти муҳим дорад.

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳамоишҳои илмӣ аҳамияти хосса доранд, зеро онҳо имконият медиҳанд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳои нав дар самти рушди илм, маориф ва омодасозии кадрҳои илмӣ муайян карда шаванд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org