Previous Next

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»

17 августи соли 2026 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» хониши идоравӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуда, таълиму тарбияи насли наврасро дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масъалаҳои зарурати тақвияти ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон, риояи талаботи қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ҷалб намуданд.

Сипас, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар мавзуи "Ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маърӯза намуданд. Мавсуф дар маърӯзаи худ  фарқиятҳои тағийротҳои воридшудаи Қонуни навро аз пешина, масъалаҳои ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳиро миёни хонандагон ва падару модарон, назорати мунтазами иштироки хонандагонро дар дарсҳо, истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ, инчунин пешгирии омилҳое, ки метавонанд ба таълиму тарбияи наврасон таъсири манфӣ мерасонанд ва дигар масъалаҳои мубрами таълиму тарбияро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён оид ба роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасон ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон мубодилаи афкор намуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org