Саломатии аҳолӣ-сарвати асосии давлат

Дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони тиб ҳамасола 18-уми август, дар рӯзи зодрӯзи табиб ва ҳакими бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино, ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо як ҷашни касбӣ, балки фурсати муносиб барои арзёбии дастовардҳо, таҳлили мушкилоти мавҷуда ва муайян кардани самтҳои рушди соҳаи тандурустӣ мебошад. Миллати тоҷик дар ҳақиқат бо ин фарзанди хеш, ки дар саргаҳи илми тибби ҷаҳон қарор дорад, ифтихор дорад. Асарҳои навиштаи ӯ китоби рӯимизии беҳтарин табибони олам гаштааст ва аз рӯи он бадтарин дардҳоро даво мебахшанд. Бояд гуфт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурии мо яке аз самтҳои стратегии рушди давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии аҳолии он заминаҳои устувор гузошта шудаанд ва ҳамасола маблағҳои ба ин соҳа ҷудокарда меафзояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ ва талаботи замони муосир тақозо мекунанд, ки соҳаи тиб пайваста мавриди таҳлил ва ислоҳот қарор гирад, то сифати хизматрасонии тиббӣ ба стандарти байналмилалӣ наздик шавад.

Сарвати асосии соҳаи тандурустӣ ин кормандони он — табибон, ҳамшираҳои шафқат ва ходимони техникӣ мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ афзоиш ёфта, ҳар сол ҳазорҳо мутахассиси ҷавон соҳиби диплом мешаванд.

Дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон садҳо беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии нав сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Муассисаҳои тиббии марказӣ бо таҷҳизоти замони нав, аз ҷумла аппаратҳои томографияи компютерӣ (КТ), резонанси магнитию ядроӣ (МРТ) ва таҷҳизоти ҷарроҳии лапароскопӣ таъмин карда шуданд. Ин имкон дод, ки бисёр ҷарроҳиҳои мураккаб, ки қаблан танҳо дар хориҷи кишвар иҷро мешуданд, ҳоло дар дохили мамлакат гузаронида шаванд.

Асри XXI асри технологияҳои рақамӣ аст ва соҳаи тандурустӣ низ наметавонад аз ин раванд берун монад. Ҷорӣ кардани кортҳои электронии тиббӣ, системаҳои бақайдгирии онлайн ва телемедитсина (тибби фосилавӣ) метавонад вақти кории табибро самараноктар кунад ва навбатпоии беморонро коҳиш диҳад. Телемедитсина хусусан барои Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор аст, аҳамияти бузург дорад, зеро он имкон медиҳад, ки табибони соҳибтаҷриба аз марказ ба таври фосилавӣ ба беморон ва табибони деҳот машварат диҳанд.

Дар сиёсати фарҳангии даврони истиқлол масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва муаррифии шахсиятҳои бузурги миллӣ мавқеи махсус касб кардааст. Ҷашнҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар чеҳраҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик аз ҳамин сиёсат сарчашма мегиранд. Аммо дар байни ҳамаи ин шахсиятҳо Абуалӣ ибни Сино ҷойгоҳи махсус дорад. Агар Рӯдакӣ рамзи адабиёти тоҷик ва Фирдавсӣ рамзи ҳифзи забон ва ҳувияти миллӣ бошад, Абуалӣ ибни Сино рамзи нубуғи илмӣ ва тафаккури ақлгароёнаи миллат маҳсуб мешавад.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ пайваста ба хизматҳои абармардони илму фарҳанги тоҷик арҷгузорӣ намуда, дар яке аз суханрониҳои худ, иброз намуданд, ки; «Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».

      Бузургии Шайхурраис дар он аст, ки ӯ тавонист аз муҳити маҳаллӣ берун рафта, ба яке аз чеҳраҳои сарнавиштсози таърихи илм табдил ёбад. Осори ӯ дар Шарқу Ғарб садсолаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар тӯли чандин аср ҳамчун муҳимтарин китоби дарсӣ дар донишгоҳҳои Аврупо истифода мешуд. Баъд аз ихтирои дастгоҳи чоп маҳз ҳамин китоб яке аз аввалин асарҳое гардид, ки борҳо нашр шуд ва аз рӯйи шумораи табъ бо баъзе аз маъруфтарин китобҳои ҷаҳонӣ рақобат мекард.  Аммо аҳамияти Абуалӣ ибни Сино дар он аст, ки дар баробари донандаи соҳаи тиб, ӯ аз ҷумлаи донишмандони энсиклопедистест, ки дар таърихи башар камназир мебошанд. Фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, мусиқӣ, равоншиносӣ, ахлоқ, сиёсат ва ҷомеашиносӣ танҳо бахше аз соҳаҳоеанд, ки дар онҳо осори арзишманд аз худ ба ёдгор гузоштааст.

Ба маълумоти олимон, Ибни Сино зиёда аз 450 асару рисола навиштааст, ки аз инҳо тақрибан 240-тоаш ба мо расидаанд. Ибни Сино мероси бузурге боқӣ гузоштааст: китобҳо оид ба тиб, мантиқ, физика, риёзӣ ва дигар илмҳо. Мероси илмии Ибни Сино асосан ба забонҳои арабӣ ва форсӣ навишта шудаанд. Онҳо илова бар улуми фалсафӣ, инчунин химия, геология, грамматика, назм ва таърихро фаро мегиранд.

Ӯро бо ҳаққи тамом шоҳи тиб номидан мумкин аст. Вай яке аз бузургтарин олимони тиб дар таърихи башарият мебошад. Бино ба як ривоят, худи калимаи «медитсина» (тиб) аз ду калима гирифта шудааст: «мадад» ва «Сино», яъне тиб ин методи Сино (табобат бо усули Сино) аст. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, шумораи умумии асарҳои тиббии Ибни Сино ба 50 мерасад, вале аз онҳо танҳо 30-тояш ба мо расидааст. Бо вуҷуди ин, асари асосии тиббии Ибни Сино, ки ба ӯ дар саросари ҷаҳони фарҳангӣ шуҳрати чандинсола овард, «Қонуни тиб» («Ал-Қонун фит-тиб») мебошад. Ин як энсиклопедияи воқеии тиббӣ аст, ки дар он бо пайдарпаии мантиқӣ ҳамаи масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо баён шудаанд. Ин асар тӯли чанд аср ба олимони Шарқ ва Аврупо таъсири бузург расонд. «Қонун», инчунин, ба рушди тиб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъсири азим расонд ва он борҳо ба забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума шуд.

Дар «Қонуни тиб» дастурҳо оид ба зарурати ошкор кардани таъсири манфии дуру дарози доруҳо, мавҷудияти тақвияти мутақобила ва сустшавии мутақобилаи таъсири воситаҳои доруворӣ ҳангоми таъини якҷояи онҳо оварда шудаанд.

Дар ҳамаи донишгоҳҳои қадимтарини Аврупо то нимаи асри 12 омӯзиш ва таълими тиб танҳо ба асари Ибни Сино асос ёфта буд ва ҳарчанд дертар асарҳои муаллифони дигар пайдо шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди ин то асри 17 он ҳанӯз ҳам китоби асосии дарсӣ оид ба тиб боқӣ монд. Инчунин нишондиҳанда аст, ки баъд аз ихтирои дастгоҳи чопӣ дар Аврупо «Қонун» дуюмин китоби чопшуда гардид (китоби аввалини чопшуда Китоби Муқаддас – Инҷил буд).

Ҳанӯз дар ҳаёт будани Ибни Сино ба чунин унвонҳои олии чун Ҳуҷҷатулҳақ (далел ё нуфузи ҳақ), Шайхурраис (сардори мудовимон ва хирадмандон), Ҳакими бузург (табиби бузург), Шарафулмулк (шараф ва ифтихори кишвар) сазовор гардида буд.

Баъди 500 сол осори ӯро Леонардо да Винчи ва Андреас Везалий омӯхта, иқтибос овардаанд. Дар заминаи фантастикӣ дар бораи ӯ дар «Китоби муқаддас (маросими)-и илоҳӣ»-и Данте ва «Девонаҳои Валенсия»-и Лопе де Вега ёдоварӣ шудааст. Карл Линней ба шарафи ӯ як ҷинси растаниҳои оилаи Акантҳоро Авитсения номидааст. Сайёраи хурди рақами 2755 ба номи ӯ Ибни Сино (Avicenna) гузошта шудааст. Соли 2006 қуллаи Ленин дар Помир ба қуллаи Абуалӣ ибни Сино номгузорӣ шуд.

Шояд ҳеҷ кадом олиму табиби қадиме вуҷуд надошта бошад, ки ба тиб ва фалсафаи Шарқ (бо номи Ибни Сино) ва Ғарб (бо номи Ибни Сино) мисли ин олими барҷастаи тоҷик чунин таъсири қавӣ гузошта бошад

Дар баробари ин, муҳим аст, дарк намоем, ки Абуалӣ ибни Сино ҳамчун як фарзанди баруманди тоҷик ҳамчун яке аз бузургтарин намояндагони башарият шинохта шудааст. Бузургии ӯ маҳз дар ҳамин аст, ки аз муҳити миллии худ бархоста, ба сарвати умумии инсоният табдил ёфт.Саломатии аҳолӣ сарвати ҳаётан муҳим ва заминаи асосии рушди устувори ҳар як давлат ба шумор меравад.

Хулоса, соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ва рушд қарор дорад. Ҷашни Рӯзи кормандони тиб бахти хубест барои изҳори сипос ба нафароне, ки шабонарӯз барои ҳаёти дигарон мубориза мебаранд. Дар ҳамаи донишгоҳҳои қадимтарини Аврупо то нимаи асри 12 омӯзиш ва таълими тиб танҳо ба асари Ибни Сино асос ёфта буд ва ҳарчанд дертар асарҳои муаллифони дигар пайдо шуданд ҳам, бо вуҷуди ин то асри 17 он ҳанӯз ҳам китоби асосии дарсӣ оид ба тиб боқӣ монд. Инчунин нишондиҳанда аст, ки баъд аз ихтирои дастгоҳи чопӣ дар Аврупо «Қонун» дуюмин китоби чопшуда гардид (китоби аввалини чопшуда Китоби Муқаддас – Инҷил буд). Ҳанӯз дар ҳаёташ Ибни Сино ба чунин унвонҳои олии чун Ҳуҷҷатулҳақ (далел ё нуфузи ҳақ), Шайхурраис (сардори мудовимон ва хирадмандон), Ҳакими бузург (табиби бузург), Шарафулмулк (шараф ва ифтихори кишвар) сазовор гардида буд.

Баъди 500 сол осори ӯро Леонардо да Винчи ва Андреас Везалий омӯхта, иқтибос овардаанд. Дар заминаи фантастикӣ дар бораи ӯ дар «Китоби муқаддас (маросими)-и илоҳӣ»-и Данте ва «Девонаҳои Валенсия»-и Лопе де Вега ёдоварӣ шудааст. Карл Линней ба шарафи ӯ як ҷинси растаниҳои оилаи Акантҳоро Авитсения номидааст. Сайёраи хурди рақами 2755 ба номи ӯ Ибни Сино (Avicenna) гузошта шудааст. Соли 2006 қуллаи Ленин дар Помир ба қуллаи Абуалӣ ибни Сино номгузорӣ шуд.

Шояд ҳеҷ кадом олиму табиби қадиме вуҷуд надошта бошад, ки ба тиб ва фалсафаи Шарқ (бо номи Ибни Сино) ва Ғарб (бо номи Ибни Сино) мисли ин олими барҷастаи тоҷик чунин таъсири қавӣ гузошта бошад.

Дар ин рӯзи саид ба ҳамаи шогирдони Абуалӣ ибни Сино-кормандони соҳаи тибби кишвар  файзу баракат, хандаи фарзандону пайвандон ва оромию осоиши комилро таманно дорам. Мо ба донишу таҷриба ва дили поку инсондӯстонаи шумо эътимоди комил дорем.

Сайфиддин Давлатзода,
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

© 2026. vak.tj
Много шаблонов Joomla на JooMix.org