1-уми сентябри соли 2026 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи дониш» чорабинӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода, роҳбарияти Академияи ВКД, ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва курсантҳо иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати ҷомеа дониш, илм, маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди касбӣ аз омилҳои муҳимми пешрафти давлат ва таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба рушди илму маориф, таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ шароити мусоиди таълимию илмӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуда, нақши илми соҳавиро дар рушди низоми ҳуқуқӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос муҳим арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки рушди устувори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ба омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогии дорои донишу малакаҳои муосир ва ташаккули муҳити созандаи илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими иқтидори кадрии муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, баланд бардоштани сифати рисолаҳои илмӣ ва рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ яке аз вазифаҳои муҳимми низоми аттестатсияи илмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерали-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шаҳодатномаи унвони илмии «Профессор» аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқ» супурда шуд.

